Як тири русӣ сарбозро 40 сол аз хоб маҳрум кард

Пол(Павлус) Керн ном сарбози ҷасури венгер дар набардҳои Ҷанги Якуми Ҷаҳон далерона меҷангид. Соли 1914 ӯ ҳатто бо медали «Барои шуҷоат» мукофотонида шуд. Аммо пас аз як сол Павлус бар асари як тири русӣ хобаш парид. На ба маънои маҷозӣ, балки ба маънои аслӣ.
Дар оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, Павлус, мисли миллионҳо венгер, дар артиши Маҷористон ва Австрия ҷанговар шуд. Дар як муҳорибаи хунин захмӣ шуд. Тир рост ба сарш зада,, қисми зиёди мағзи сарро аз қисмати пеш вайрон кард. Вақте ки ӯ дар беморхонаи Лемберг ба худ омад, табибон аз зинда монданаш ҳайрон шуданд. Аммо сабаби дигари тааҷҷуби воқеии табибон дар он буд, ки ӯ тамоман хоб намекард. Дар аввал онҳо боварӣ доштанд, ки давраи бехобӣ кӯтоҳмуддат аст. Аммо бедории Керн чанд моҳ давом кард ва баъд олимон ба ӯ ҷиддан таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Бо вуҷуди ин, ҳеҷ кас муяссар нашуд, ки асрори бехобии сарбозро кушояд. Павлус тамоми умр хастагӣ ва дардро ҳис намекард. Дар бораи ҳаёти ғайриодии Пол Керн ягон ҳуҷҷати бойгонӣ боқӣ намондааст. Танҳо чанд ёддоштҳо, ки дар онҳо ҷузъиёти мавҷуд набударо ба ӯ нисбат додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *