Як тӯби Ваҳдат пирӯзӣ овард
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) шоми 25 октябр дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар давраи аввал дастаи ҳамсолони худ аз Лубнонро бар бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Тӯби ягонаро дар дақиқаи 87-уми бозӣ ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов ба самар расонд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 4200 тамошобин баргузор шуд.
Дар рафти бозӣ Ҳанонов беҳтарин бозингари вохурӣ дониста шуд.
Дар бозии дигари даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В», ки низ дар Душанбе баргузор шуд, Эрон ба дарвозаи Непал чаҳор голи беҷавоб зад. Рӯзи 28 октябр Тоҷикистон бо Непал ва Эрон бо Лубнон вомехӯранд. Рӯзи 31 октябр Тоҷикистон бо Эрон ва Лубнон бо Непал бозӣ мекунанд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 (U-23) Гуруҳи «В». Даври 1 ТОЧИКИСТОН — Лубнон — 1:0 Гол: Ваҳдат Ҳанонов, 87. Тоҷикистон: Шоҳрух Қиргизбоев, Манучеҳр Сафаров, Ваҳдат Ҳанонов, Алиҷон Кароматуллозода, Ҳусейн Нурматов, Кароматулло Саидов, Шервони Мабатшоев, Ислом Зоиров (Сорбон Авгонов, 73), Далер Ёдгоров (Эмомалӣ) Аҳмадҷон, 81. Беҳтарин марди бозӣ: Ваҳдат Ҳанонов (Тоҷикистон) Сардовар: Роуэн Арумуган (Ҳиндустон).
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ