Яке аз ҳамсарони Абубакр Бағдодӣ дастгир шуд

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ҳангоми суханронӣ дар донишгоҳи шаҳри Анқара хабар дод, ки низомиёни кишвараш яке аз ҳамсарони раҳбари кушташудаи гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) Абубакр Бағдодиро боздошт карданд.

«Мо ҳамсари ӯро боздошт кардем, вале ғавғо набардоштем. Ҳамчунин домод ва хоҳари ӯ низ дар Сурия дастгир шуданд», — афзуд Эрдуғон, вале дақиқ нагуфт, ки боздоштҳо кай сурат гирифтаанд.

Бағдодӣ чанд зан дошт, дақиқ маълум нест. Ба иттилои AP, ӯ чаҳор зан дошт. Хабаргузории Reuters бо истинод ба манбаи худ дар Ироқ хабар дода буд, ки раҳбари ДИ се зан — ду ироқӣ ва як суриягӣ — дорад. Пас аз кушта шудани Бағдодӣ хабар доданд, ки ду ҳамсари ӯ низ ҳамроҳаш ҷон бохтанд. Онҳо камарбанди тарканда доштаанд.

Низомиёни Туркия 5 ноябр хабар доданд, ки хоҳари калонии Бағдодиро дастгир карданд. Расмия Авад ба шимолу ғарби Сурия паноҳ бурда буд. Ҳамроҳи ӯ 5 кӯдак ва шавҳару келинаш боздошт шуданд.

Абубакр Бағдодӣ моҳи гузашта дар натиҷаи як амалиёти нерӯҳои амрикоӣ дар Сурия худро тарконд. Дар ин амалиёт асноде дарёфт ва мусодира шуданд, ки дорои маълумоти муҳим дар бораи ДИ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *