Яке аз ҳаштсад: чӣ тавр метавон “Ҳокими давраҳо” шуд?
Кормандони беҳтарин – онҳо қиҳоанд ва оё ҳангоми кору фаъолият дар ширкати бузург корманди беҳтарин шудан осон аст? Ва ин далел ба ғайр аз мукофот ба ғолибон чӣ афзалият медиҳад? Ҳаракат мекунем, ки бо омӯзиши таҷрибаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба ин савол ҷавоб гардонем.
Ғолибонро чӣ тавр интихоб мекунанд?
Ҳайати кории иборат аз 800 нафар, чор раёсати минтақавӣ, намояндагони касбу кори гуногун… Кормандони беҳтаринро ҳангоми чунин миқёси бузург, вазифаҳои гуногуни корӣ ва шумораи нафароне, ки фируз шудан мехоҳанд, чӣ тавр метавон интихоб намуд? Дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” якбора якчанд озмунҳои корпоративиро роҳандозӣ намуданд. Баъзеи онҳо кормандони самтҳои муҳим ва асосиро ҳавасманд мекунанд – барои ширкати телекоммуникатсионӣ ин мутахассисони техникӣ ва кормандони хадамоти мизоҷон мебошанд. Ҳамин тариқ, барои техникҳо озмуни “Муҳандиси беҳтарин”, ки ҳар семоҳа гузаронида мешавад, роҳандозӣ шуд. Барои зерсохторҳои бо мизоҷон коркунанда бошад, озмуни “Ҳокими давраҳо” ҷорӣ гардид. Соддатар гӯем, агар миқдори ҳарчи бештари пойгоҳҳои базавиро ба кор дарорӣ ё теъдоди ҳарчи зиёдтари муштариёнро пайваст намоӣ, ба пирӯзӣ наздиктар мешавӣ. Дар асл гирем, меъёрҳои баҳогузорӣ хеле гуногунанд, лекин принсипи умумӣ фаҳмост. Лекин чӣ тавр метавон муҳандисонро бо муҳосибон ё мутахассисони Хадамоти мизоҷонро бо ронандагон муқоиса намуд?
Ҳамаи кормандони ширкат бе истисно метавонанд дар озмунҳои “Корманди беҳтарин” ва “МегаФон аз ту оғоз меёбад” ширкат варзанд. Дар озмуни якум ғолибонро аз ҳамаи зерсохторҳои муҳим роҳбарон бо назардошти нишондиҳандаҳои корӣ интихоб менамоянд. Дар натиҷа ҳамасола зиёда аз 40 нафар кормандони беҳтарин эътироф карда мешаванд. “МегаФон аз ту оғоз меёбад” аллакай мукофоти “халқист”: номзадҳоро худи ҳамкорон пешбарӣ мекунанд ва сипас онлайн-овоздиҳии ҳайати кормандон оғоз меёбад. Дар натиҷа аз рӯи миқдори зиёдтари овозҳои додашуда се ғолиб – кормандоне, ки дар амалисозии мақсадҳои пешбарандаи ширкат, баландбардории нишондиҳандаи “Хушнудии мизоҷ” ва таҳкими даста саҳми бештар гузоштаанд, интихоб хоҳанд шуд. Метавонад чунин ҳам шавад, ки дар номинатсияи “Даста аз ту оғоз меёбад” ронанда ғолиб меояд. Аз рӯи номинатсияи “Пешсафӣ аз ту оғоз меёбад” бошад, IT-мутахассисе пирӯзиро ба даст меорад, ки замимаи нодири мобилиро таҳия карда, дар натиҷа он дар бозор хеле маъруф гардидааст.
Чӣ тавр метавон корманди беҳтарин шуд?
Пас мушаххасан чӣ бояд кард, то кӣ туро корманди беҳтарин эътироф намоянд, диплом ва туҳфаи арзишманд – мукофоти пулӣ, сертификат ё роҳхати туристӣ тақдим кунанд? Шарти асосии ҳар кадоме аз озмунҳо – анҷом додани амалҳои бештар аз оне, ки мувофиқи нақша пешбинӣ шудааст ё берун омадан аз доираи уҳдадориҳои маъмулии хизматӣ маҳсуб меёбад. Ҳамин тавр, соли 2023 ба қатори ғолибони озмуни “Корманди беҳтарин” муҳандисе дохил шуд, ки бо ташаббуси худ лоиҳаи мониторинги генераторҳои дизелиро роҳандозӣ кардааст, ки пойгҳҳои базавиро бо нерӯи барқ таъмин менамояд. Системаи нав имкон медиҳад, ки ба таври автоматӣ маълумот оид ба харҷи сӯзишворӣ ба даст оварда шуда, дизелҳо саривақт пур карда шаванд. Натиҷа – ҳам муштариён ҳамеша дар алоқаанд, ҳам ба кормандони “МегаФон Тоҷикистон” зарур намеояд, ки вақти зиёд сарф карда, назди пойгоҳҳои базавие ҳозир шаванд, ки дар онҳо захираи сӯзишворӣ ҳоло кифоя аст.
Дар байни ғолибони озмун қарор доранд: таҳиякунандаи чат-боти ҳушёри Dono AI, ки ба муштариён бо ёрии технологияҳои зеҳни сунъӣ хизмат мерасонад, мутахассиси техникӣ, ки нақшаи бакордарории пойгоҳҳои базавиро ба андозаи 25% барзиёд иҷро намудааст, менеҷере, ки ба шарофати ӯ дар “Ҳамёни” замимаи мобилии “МегаФон Life” давоми соли 2023 зиёда аз даҳ функсияҳои нав пайдо шуданд. Аз оне, ки талаб мекунанд, бештар кун, беҳтар кун, маҳсулоти нодирро роҳандозӣ намо – бо ҳамин роҳ ғолиби озмун бишав!
Баъд кормандони беҳтаринро чӣ интизор хоҳад буд? Мукофоти сазовори моддӣ. Даъват ба иштирок дар лоиҳаҳои стратегии ширкат, пешравӣ дар касбу кор. Эҳтироми кормандоне, ки хуб медонанд, ба кӣ бояд таъсиб карду, чӣ тавр корро ба роҳ монд. Аз чунин тарзи амал тамоми ширкат фоида мебинад.
Шумо ҳам мехоҳед кормандони беҳтарин шавед? Пас анкетаро дар сомона пур карда, ба оилаи “МегаФон Тоҷикистон” ворид шавед! Дар ин ҷой ҳар кас имкон дорад, ки қобилияти худро нишон диҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ