Яке аз созмондиҳандагони ошӯби зиндони Хуҷанд маҳкум ба ҳабси абад шуд
Додгоҳи олии Тоҷикистон Амиралӣ Давлатовро, ки яке аз тарроҳони ошӯб дар зиндони Хуҷанд ном бурда мешавад, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.
Гуфта мешавад, ҳукми Давлатов ва 32 нафар аз гумонбарони дигари ошӯб охири моҳи июл содир шуд. Баъзеҳо ба муддати тӯлонии зиндон, бақия ба ҳабси якумрӣ маҳкум гардидаанд. Мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифтааст ва ҳукмҳо расман эълон нашудаанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ин замина аз ибрози назар худдорӣ кардааст.
Таҳқиқи парвандаи Амиралӣ Давлатов ва 32 нафари дигари муттаҳам ба ошӯб дар зиндони Хуҷанд бо иштироки чанд сохтори ҳифзи ҳуқуқ ва зери назари Додситонии кулли Тоҷикистон ҷараён гирифтааст. Парвандаи онҳоро баҳори имсол барои муҳокима ба Додгоҳи олии Тоҷикистон фиристода буданд.
То ҳанӯз ҷузъиёти ошӯби шаби 7 ба 8-уми ноябри соли 2018-ро расман шарҳ надодаанд, ҳарчанд борҳо мақомот гуфтанд, он аз ҷониби онҳое ташкил шудааст, ки бо иттиҳоми тундгароӣ ҳукм гирифтаанд.
Дар ин ҳодиса ба ҳисоби расмӣ, 25 нафар, аз ҷумла ду маъмури зиндон кушта шуданд. Мақомот мегӯянд, ки ошӯбгарон мехостанд, аз зиндон фирор кунанд, вале ҳомиёни ҳуқуқ ва баъзе зиндониён гуфтаанд, ки бадрафтории посбонҳои зиндон бо маҳбусон ва шароити бади зиндон яке аз сабабҳои аслии ошӯб будааст. Пештар намояндагиҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон аз мақомот тақозо карданд, ки ҳодиса ҳамаҷониба баррасӣ шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ