Яке аз ёрони Аҳмадшоҳ Вазири корҳои дохилӣ шуд

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, яке аз чеҳраҳои маъруфи муҷоҳидин, бо фармони президент Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай роҳбари вазорати корҳои дохилии Афғонистон таъйин шуд
Фармони таъини ӯ дирӯз, 16 июн, имзо шудааст.
“Номзадии Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ аз сӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ ба президент пешниҳод шуд ва он ҷониб ҳам ризоияти худро баён дошт. Аммо ба далоили чанд нозукии идорӣ эҳтимол дорад маъракаи муаррифии ӯ дар вазорати корҳои дохилӣ дертар баргузор шавад”, — гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ, ёрамчии Абдуллоҳ Абдуллоҳ.
Генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ соли 1961 дар деҳаи Рухаи вулусволӣ (ҳоло вилоят) – и Панҷшери вилояти Парвон ба дунё омада, фориғуттаҳсили мадрасаи олии Имом Абуҳанифаи Кобул ва Донишкадаи низомии Кобул аст.
Ў аз ёрон ва афроди мавриди эътимоди Аҳмадшоҳ Масъуд — Қаҳрамони миллии Афғонистон аст, ки дар синни 18 – солагӣ ба сафи муҷоҳидини ӯ пайвастааст.
Дар замони ҳукумати муҷоҳидин дар Кобул (1992 – 1996) фармондеҳи лашкари 40-и пиёда ва дар замони муқовимат алайҳи Толибон фармондеҳи умумии Горди миллии Давлати исломии Афғонистон таъйин шуд.
Ӯ яке аз фармондеҳони боризи Ҷаҳбаи Муттаҳиди Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд дар замони муқовимат бо Толибон буд ва нерӯҳои ҷабҳаро дар саросари шимоли Кобул фармондеҳӣ мекард.
Маҳз дар ҳамин давра ӯ шуҳрат пайдо намуд. Пас аз суқути Иморати исломии Толибон дар ҳукумати Ҳомид Карзай (2001-2014) ӯ фармондеҳи пулиси шаҳри Кобул (2001 – 2002), луидиристиз (сардори ситод) – и Урдуи миллӣ (2002 – 2010), вазири корҳои дохилӣ (2010-2012) ва вазири дифоъи Афғонистон (2012 – 2015) буд.
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба гӯша рафт ва дар ҳеҷ симати давлатӣ таъйин нашуд. Ҳоло ки ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз сӯи мухолифин, бахусус Толибон, таҳти фишор қарор ва эҳтимоли суқути он низ вуҷуд дорад, таъйини генерали таҷрибадор ва аз муҷоҳидини собиқи зиддитолиб, интизор меравад, мавқеи ӯро қавитар созад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *