Яке ба ҷои чорто: шабакаи “МегаФон Тоҷикистон”-ро  бо аккумуляторҳои  пуриқтидор  муҷаҳҳаз мегардонанд     

Дар 182 иншооти   алоқаи ширкати  “МегаФон Тоҷикистон” дар қаламрави кишвар  батареяҳои аккумулятории литийдор  насб карда шуданд. Як батареяи аккумулятории нав аз рӯи зарфияти худ  метавонад чор батареяи намуди пешинаро   иваз намояд.       

Мақсади асосии муосиргардонии  системаи таъминоти нерӯи барқ  дар  зиёд кардани муҳлати  кори мустақили  таҷҳизоти алоқа  ифода меёбад.  Батареяҳои нав имкон медиҳанд, ки дар сурати қатъ шудани қувваи барқ, муштариёнро  бо алоқа муддати  бештар  таъмин намоянд.  Ғайр аз ин,   мутахассисон-техникҳо низ  барои ивазкунии  аккумуляторҳо ба ноҳияҳои  дурдасти мамлакат камтар мераванд.      

«Дар фасли сармо таҷҳизоти алоқа назорати махсусро талаб мекунад. Ҳарорати паст муҳлати хизмати батареяро кам мекунад ва бориши барф роҳро  ба сӯи истгоҳҳои базавӣ  мушкил мегардонад.    Бинобар ин, мо кушиш кардем, ки то фарорасии  зимистон объектҳои асосиро бо батареяҳои аккумулятории  мукаммалтар таъмин намоем.  Албатта, навгардонии таҷҳизот   ба шаҳрҳое низ дахл дорад, ки  он ҷо ҳолатҳои хомӯшшавии  нерӯи барқ дида мешаванд”  — мегӯяд директори техникии  ширкати  “МегаФон Тоҷикистон”  Рафиль Аглямов.   

Аккумуляторҳои литийдор  дар зиёда аз 160 майдони  истгоҳҳои базавӣ, хатҳои магистралии нахӣ-нурии алоқа  ва иншооти пайвасткунандаи  инфрасохтор гузошта   шудаанд. Дар мавридҳои зарурӣ истгоҳҳои   базавии дурдаст бо батареяҳои дуқабата  таҷҳизонида мешаванд. Дар умум  дар шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” то оғози зимистон 350 адад батареяи аккумулятории намуди нав   ба кор дароварда шуд.          

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *