Якрӯ ва навовар. Зикри хайри Саттор Турсун
Бо вуҷуди ҳама ранҷу озораш чӣ мушкил аст дил кандан аз зиндагӣ…
Саттор Турсун
Шаби 5 ба 6-уми июни соли равон қалби ҳассоси адиби номвари тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Комсомоли Ленинӣ, Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, устод Саттор Турсун аз тапидан бозмонд…
Саттор Турсун 15-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Пасисурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1970 бахши арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ҳанӯз дар даврони донишҷӯйӣ фаъолияти кории худро дар идораи “Садои Шарқ” оғоз карда, чанд сол мудири шуъбаи очерк ва публитсистикаи ин маҷаллаи бонуфуз буд. Минбаъд, ба сифати сармуҳаррири маҷаллаи “Помир” ва рӯзномаи “Баҳори Аҷам” фаъолият дошт. Дар солҳои 90-ум як муддат ба ҳайси сухангӯйи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолият дошт. Солҳои охир бознишаста ва машғули кори эҷодӣ буд.
Устод Саттор Турсун аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба майдони адабиёт ворид шуда, нахустин маҷмуаи ҳикояҳояш соли 1971 таҳти унвони “Дили гарм” ба дасти хонанда расид. Баъдан, қиссаву роман ва маҷмӯаи ҳикояҳои “Сукути қуллаҳо”, “Камони Рустам”, “Пайванд”, “Ситораи корвонкуш”, “Обдорӣ ё худ кавкабони кабуд”, “Зиндагӣ дар домани талҳои сурх”, “Барф ҳам мегузарад”, “Падар”, “Се рӯзи як баҳор”, “Думбра”, “Аз субҳ то шом”,”Дувоздаҳ ҳикоя”, “Дарахти ҳазорсола”, “Санг дар бағал бо тӯфон”, “Чорбанди домангир”, “Охирин рӯзи тирамоҳ”, “Эътироз”, “Ману моҳи хиргаҳнишин”, “Фонуси хаёл” ва ғайраро нашр карда, дар ғанӣ гардонидани ганҷинаи адабиёти тоҷик саҳм гузоштааст.
Устод Саттор Турсун яке аз пешгомони насри психологӣ буд ва бо услуби нав дар қатори Сорбон, Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад дар пешрафти насри муосири тоҷик саҳм гузоштааст. Ин насли нависандагони навовар роҳеро идома доданд, ки Фазлиддин Муҳаммадиев ба он асос гузошта буд. Талоши онон барои кашфи ботини инсон ва ба ин васила тарбияи ахлоқи ҷомеа равона шуда буд.
Дар осори ин нависандагон олами ботиниву зоҳирии инсони муосир амиқбинона тасвир ёфта, дар ҷаҳони мураккаби ӯ муҳимтарин муаммоҳои ҳаёти одамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар ин ҷараён устод Саттор Турсун яке аз муваффақҳо буд.
Саттор Турсун нависандаи инсоншинос буд. Сарнавишти инсон бо ҳама паҳлуҳояш дар меҳвари эҷодиёти ӯ қарор дошт. Қаҳрамонони асарҳои ӯ дар пояи бархӯрдҳои маънавию иҷтимоӣ ташаккул ёфта, ба хотири ислоҳи камбудиҳояшон кӯшиш мекунанд ва роҳи дурусти зиндагиро интихоб карда, дар ҷомеа мавқеъ пайдо менамоянд. Нависанда персонажҳои асарҳои худро дар ҳолатҳои мураккаби равонӣ тасвир карда, бисёр масъалаҳои маъанавию ахлоқиро тавассути муҳокимаронии ботинии онҳо баррасӣ менамояд.
“Ҷозибаи қалами адиб дар он аст, ки вай ба муҳимтарин мавзӯи адабиёт — ахлоқи иҷтимоӣ рӯй оварда, дар асарҳои худ паҳлуҳои нав ба нави онро тадқиқ мекунад”,- мегуфт нависанда.
Дигар вежагии осори устод Саттор Турсун ҳақиқатбин ва ҳақиқатгӯ буданаш аст. “Нависанда бояд аз ҳақиқати зиндагӣ дурӣ наҷӯяд, бояд зиндагиро бо ҳама камиву костӣ таҳқиқ кунад”,- мегуфт устод.
Талош барои ҳақиқат ва адолат мароми зиндагии худи Саттор Турсун низ будааст. Дар маросими видоъ бо нависанда Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор ба ин нукта ишора кард: “Саттор қабл аз он ки нависандаи барҷаста бошад, шахсият буд, шахсияти якрӯ ва ҳақгӯ!”.
Ҳамин аст, ки роҳи адабӣ ва зиндагии Саттор Турсун на ҳамеша ҳамвор будааст. Нахустин романи ӯ — “Се рӯзи як баҳор” чанд сол дар “ҳабс” буд. Ӯ дар ин асар замони бадеӣ ва таърихиро бо ҳам омезиш дода, дар сужасозии роман ва устухонбандии он навоварӣ ворид кардааст. Вай тавассути дунёи ботинии Усмон Азиз ва амалҳои вай дигаргун шудани мафкураи иҷтимоии одамонро нисбат ба замон тасвир карда, психалогизми тасвирро бо шеваи нав корбарӣ менамояд ва ба воқеаҳои аввали асри бист бо чашмандозии фарохтар назар карда, воқеияти давраи таърихиро дуруст ва ниҳоят амиқбинона бозтоб менамояд. Усмон Азизи Саттор Турсун барои дифои Ватан, суннатҳои зиндагӣ ва молу амволаш муқобили Артиши Сурх мебарояд. Ҳаминро идеологияи шӯравӣ “қаҳрамон сохтан аз босмачӣ” арзёбӣ карда, ба нашри асар монеа эҷод мекунад. Дар муҳокимаи Иттифоқи нависандагон аз Саттор Турсун талаб карда мешавад, ки асарашро таҳрир кунад. Вале нависандаи якрӯву якрав ва ҳақгӯву ҳақталош мегӯяд, ки ҳатто як сатри асарашро тағйир нахоҳад дод. “Дар ғалладони ҳар як нависанда бояд асаре бошад, ки баъди маргаш чоп кунанд…” мегӯяд ва то замони бозсозӣ асараш дар ғалладон мехобад. Бо гузашти вақт собит шуд, ки “Се рӯзи як баҳор” яке аз шоҳкориҳои насри шӯравии тоҷик аст.
Устод Саттор Турсун ба сифати тарҷумон низ заҳмати зиёд кашида, асарҳои нависандагони шинохта, аз қабили Лев Николаевич Толстой, Ҷек Лондон, Грант Матевосиян, М. Левин, Эркин Аъзам ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума намудааст. Осори худаш низ ба 21 забони олам тарҷумаву нашр гардидааст.
Банда аз он меболам, ки солиёни зиёд бо устоди азиз Саттор Турсун робита ва равуо доштам, бо эшон чандин мусоҳиба ороста, аз файзи суҳбатҳояшон баҳра бардоштаам. Чун эшон журналисти касбӣ ва публитсисти тавоно буданд, пайваста аз маслиҳатҳояшон бархӯрдор будем. “Гуфтани гапи ҳақ вазифаи журналист аст. Агар журналист аз гуфтани ҳақ сарпечӣ кунад ё ба василае ҳақро ботил созад, на танҳо ба виҷдони худаш, балки ба миллат хиёнат кардааст”,- мегуфтанд устод.
Дар суҳбатҳои ахире, ки доштем, устод Саттор Турсунро бештар вазъи забони тоҷикӣ нигарон карда буд. “Забон, забони ҳар як миллат гаронбаҳотарин хазинаи олам аст. Дар он дили бузурги халқ метапад. Вай ҳамон ҳофизаест, ки умеду орзуҳо, муборизаву бунёдкориҳо, шодиву нокомиҳо, хулоса, таърихи дуру дароз ва муқаддаси халқро дар худ зинда медорад”,- мегуфтанд устод ва талқин мекарданд, ки барои покии забон талош кунем.
Солҳои охир устод бемор буданд. Аввал биноиашонро аз даст доданд ва як-ду моҳи охир бо саратон даст ба гиребон шуданд. Вале дар ҳама ҳолат дар ғами миллат буданд, пайваста аз ахлоқу маънавиёти ҷомеа меандешиданд.
Бо рафтани Саттор Турсун мо равшанфикри бузурги миллатро аз даст додем, онеро, ки “ба насри реалистии мо ҷомаи тахайюл пӯшонид ва ба мартабаҳои баланд бардошт” (Муҳаммадҷон Шакурӣ); онеро, ки “аз нақли насрӣ даст кашид ва аз сабки инсонофаринишӣ кор гирифт” (Муъмин Қаноат); онеро, ки “аз худ мактаби ҷадиди нависандагӣ — насри андеша боқӣ гузошт” (Абдулҳамиди Самад); онеро, ки “пештоз ва аламбардори насри муосири мост” (Ҷонибек Акобир); онеро, ки “бегуфтугӯ нависандаи сатҳи ҷаҳонист” (Норӣ Раббимдухт)…
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ