“Ямал”-и Русия якуми июли ба Тоҷикистон меояд

Ширкати ҳавонавардии “Ямал”-и Русия санаи парвозҳояш аз фурудгоҳи “Жуковский” ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро эълон кардааст.

Иля Лебедев, муовини директори тиҷоратии “Ямал” гуфтааст, парвозҳо аз якуми июли соли равон шурӯъ хоҳанд шуд: “Панҷшанбеи 18 май фурӯҳи билетҳо оғоз мешавад”.

Маҳз масъалаи парвози ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский” ба Душанбе ва Хуҷанд дар тақрибан ним соли қабл сабаби “таниши ҳавойӣ” миёни Тоҷикистону Русия шуда буд.

Моҳи декабри соли 2016 Тоҷикистон ба ширкати “Ямал” бо ин далел, ки дар протоколи танзими парвозҳое, ки 7 ноябри соли гузашта дар Маскав имзо шуд, парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ба Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст, иҷоза надод, ки ҳавопаймоҳояш аз фурудгоҳи нави “Жуковский” ба Тоҷикистон парвоз кунад. Дар пайи ин, Вазорати нақлиёти Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-ро ба баъзе минтақаҳои ин кишвар қатъ намуд. Дар пайи “таниши ҳавойӣ” садҳо муҳоҷири тоҷик, ки чиптаи ҳавопаймо харидорӣ карда буданд, дар фурудгоҳҳо дармонданд. Баъди чанд мулоқоти бенатиҷа, билохира 27 январ Вазорати нақлиёти Русия эълон кард, Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз “Жуковский” ба Душанбеву Хуҷанд ризоят дода ва ширкати “Сомон Эйр” ҳам иҷозати парвоз ба шаҳрҳои Красноярск, Краснодар, Уфа ва Оренбургро дарёфт кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *