Яндекс, Вконтакте ва Одноклассникиро бо фармони президент мебанданд
Бузургтарин манобеи интернетии русӣ, аз ҷумла Яндекс, Вконтакте ва Одноклассники бо фармони президенти Украина Петр Порошенко дар ин кишвар баста мешаванд. Соҳибони ин манобеъ акнун дар рӯйхати таҳримшудаҳо ҷой гирифтанд.
Биноба замимаи фармон, таъминкунандагони интернет барои се сол аз дастрасӣ ба сомонаҳои Mail.ru, Вконтакте (vk.com) ва Одноклассники (ok.ru) маҳрум мешаванд. Инчунин дастарсӣ ба ҳамаи сомонаҳои Яндекс (yandex.ua, yandex.ru), сомонаҳои ширкатҳои таҳиякунандаи барномаи зиддивирусии Лабораторияи Касперский ва Доктор Лаб маҳдуд мешавад.
Дар ҳоли ҳозир дастрасӣ ба ин сомонаҳо дар Украина таъмин аст.
Вазорати сиёсати иттилоотии Украина дар ҳоли ҳозир ин фармонро шарҳ намедиҳад.
Фармони Порошенко дар ин робита 15 май дар сомонаи президент нашр шуд ва дафъатан ба иҷро даромадааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ