Янга хоҳарарӯсро кушт
Аз мавзеи “Сафедиён”-и ноҳияи Айнӣ ҷасади ҷавондухтари 23-солаи сокини деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар содир намудани ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия ва мақомоти Прокуратура ҳамсари бародари марҳум зани 25-солаи сокини ҳамин ноҳия, муайян ва боздошт гардид.
Гумонбаршуда аз сабаби хусумат доштанаш, марҳумро қасдан аз ҷарии тахминан 10-метр тела дода, баъдан бо санг якчанд маротиба ба сару рӯяш зада, охиронро ба ҳалокат расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ