Япония барои таҷдиди роҳи Ҳисору Қурғонтеппа беш аз 13 млн $ ҷудо мекунад

Лоиҳаи харидории таҷҳизоти сохтмони роҳҳои автомобилгард барои Ҳисору Қурғонтеппа моҳи июли соли ҷорӣ ба анҷом мерасад.


Лоиҳаи «Такмилдиҳӣ ва беҳбудгардонии роҳҳои автомобилгард» (Лоиҳаи харидории таҷҳизоти сохтмони роҳҳои автомобилгард барои Ҳисору Қурғонтеппа) мувофиқи нақша моҳи июли соли равон ба анҷом хоҳад расид.

Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби гранти ҳукумати Ҷопон дар ҳаҷми 13,2 млн доллари ИМА сармоягузрорӣ хоҳад мешавад. Лоиҳаи мазкур Проект таъмини 118 адад техника ва масолеҳи зарурӣ барои сохтмони роҳҳои мошингарди Ҳисорӯ Қурғонтеппаро дар бар мегирад.

Дар ин замина, ҳамчунин коршиносони маҳаллӣ дар самти сохтмон ва истифодаи дурусти таҷҳизоту техникаи роҳсозӣ омӯзонида мешаванд. Чанде қабл намояндаи Агентии Ҷопон дар робита бо ҳамкории байналхалқӣ (JICA) ба сарварии главе с Шунтаро Кавахара хабар дода буданд, ки лоиҳаи мазкур соли 2013 шурӯъ гардида, моҳи июли 2016 ба анҷом мерасад, ба танҳо баъди баҳогузории мутахассисони созмони JICA ба истифода дода мешавад. Аммо ҳамакнун, ки рӯзи авали моҳи июл аст, аз ҷониби Вазорати наклиёт ба итмомрасии лоиҳаи мазкур тасдиқ нагардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *