Ярмаркаҳои маҳсулоти арзон дар пойтахт

Дар шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз ва Иди Рамазон ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти арзон баргузор мешаванд, ки дар онҳо маҳсулоти ниёзи аввалия бо нархи дастрас пешкаши сокинон хоҳад шуд.

Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, ярмаркаҳои ҷашнӣ аз 16 то 20-уми март ба ифтихори Наврӯз ва аз 25 то 30-уми март бахшида ба Иди Рамазон баргузор мешаванд.

Нуқтаҳои асосии фурӯши маҳсулоти арзон дар назди бозорҳои “Меҳргон” ва “Саховат”, дар рӯ ба рӯи беморхонаи “Шифобахш” (Қарияи боло) ва даромадгоҳи боғи Куруши Кабир дар ноҳияи Шоҳмансур ҷойгир шудаанд.

Дар ярмаркаҳо сокинон метавонанд гӯшт, орд, равған, биринҷ, маҳсулоти донагӣ, сабзавот ва меваҳоро бо нархи нисбатан дастрас харидорӣ кунанд. Масалан, дар нуқтаи фурӯши назди боғи Куруши Кабир 1 кг гӯшт 60 сомонӣ, картошка 4,5 сомонӣ ва себ аз 4 то 10 сомонӣ арзиш дорад.

Ярмаркаҳо бо қарори шаҳрдорӣ ва бо дастгирии Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва “Тоҷикматлубот” ташкил шудаанд.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image