Ярмаркаи донишгоҳҳо ва коллеҷҳои ИМА
Дар дафтари «American Space» дар Душанбе 14-уми октябр ярмаркаи коллеҷу донишгоҳҳои Амрико баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони 6 донишгоҳи Амрико ва беш аз 6 барномаи гуногуни табодул, ки пурра аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон сарпарастӣ карда мешаванд, иштирок намуданд.
Ин чорабинӣ ҳам барои мактаббачагон ва ҳам барои донишҷӯён муҳим буд, зеро онҳо метавонанд бо барномаҳои бакалаврӣ ва магистратура шинос шаванд, инчунин дар бораи курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ва тобистона маълумот пайдо кунанд.
Дар ярмарка донишгоҳҳо ва коллеҷҳои “Коллеҷи Гриннелл “, “Институти технологии Лейк Вашингтон”, “Донишгоҳи давлатии Мичиган”, “Коллеҷи Orange Coast”, “Коллеҷи Сноу”, “Донишгоҳи Дакотаи Ҷанубӣ” намояндагӣ карданд.
Намоишгоҳ аз ҷониби барномаи EducationUSA Tajikistan, бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Шуроҳои Амрико ва Маркази Амрико дар Душанбе ташкил карда шуд. EducationUSA як шабакаи глобалии зиёда аз 400 марказҳои машваратӣ дар саросари ҷаҳон мебошад, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои таълимӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии ИМА дастгирӣ карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ