Ярмаркаи фурӯши ангишт дар Хатлон
Дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ярмарка-фурӯши ангишт ташкил шудааст. Ҳоло 1 ҳазору 300 тонна ангишт бо қимати нисбатан арзон ба сокинон пешниҳод шудааст.
Баҳром Миров, сухангӯи МИҲД-и вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки чунин иқдоми дар ин шабу рӯзи зимистон бисёр муҳим ва зарурӣ дар асоси дастури Роҳбари давлат роҳандозӣ карда шудааст. “Бо мусоидати Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар бо истифодаи нақлиёти боркаш ба вилояти Хатлон беш аз 1 ҳазору 300 тонна ангишт оварда шудааст”,- афзуд вай.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки ангишти пешниҳодшуда сифатан хуб буда, аз корхонаҳои ватанӣ оварда шудааст. Ӯ мегӯяд, як килограмм ангишт аз 50 то 70 дирам арзиш дорад, ки нисбат ба бозор бештар аз 1 сомониву 50 дирам арзонтар мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ