Яроқи биологӣ. Магар коронавирусро дар Қазоқистон “ихтироъ” кардаанд?

Коронавирус дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, ба ҷуз ду – се давлате, ки алҳол Худованд нигаҳбонашон аст (аз ҷумла Тоҷикистон), паҳн шуд ва ҳоло ин кишварҳо кӯшиш карда истодаанд, ки аз афзоиши шумораи  гирифторони он бо ҳар роҳу восита пешгирӣ намоянд.

Аммо баргардем ба оғози ин ҳодиса. Тавре гуфта будем, ҳанӯз дар аввали пайдоиши ин вируси халқкуш баъзеҳо ба таври сунъӣ пайдо шудани онро тахмин карда буданд, вале барои ин далели қонеъкунандае надоштанд. Ҳоло бошад , чунин далелҳо ошкор шуданд ва аксарияти мутахассисон бар онанд, ки пайдоиши он сунъӣ буда, бори аввал онро ҳамчун яроқи биологӣ “зоида буданд”. Дар зер чанд далелро  аз расонаҳо дар ин маврид меорем.

Тавре ки баъзе шахсони расмии Ҷумҳурии Халқии Чин гуфтанд, ИМА дар паҳн шудани вируси COVID-19 саҳм дорад. Пекин дар ин маврид ба маълумоте такя мекунад, ки ҳанӯз қабл аз пайдоиши ин вирус дар минтақаи Хубейи Чин дар Амрико аллакай гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шуда будаанд. Ҳарчанд ин маълумот боварнакарданӣ  бошад ҳам, аммо тавре як манбаъ аз   Референс-лабораторияи марказие, ки дар шаҳри Алмаато  (ЦРЛ) фаъолият дорад, ба Yvision- як маркази хабаррасонии  Қазоқистон гуфтааст, ”ин вирус маҳз  дар ҳамин ҷо ”эҷод”  шудааст”. Ин лаборатория бо маблағгузории артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сохта шуда, то ҳол он аз ҷониби мутахассисони амрикоӣ идора мешавад. Дар ин маврид Маркази иттилоотии “Русская весна” дар асоси далелҳо тадқиқот гузаронидааст  ва ба хулосае омадааст,ки дар паси ин гуфтаҳо далелҳои собитгардида мавҷуданд.

Пас аз ба охир расидани “ҷанги сард” Амрико дар кишварҳои пасошӯравӣ чанд лабораторияҳои тадқиқоти биологӣ сохт, ки дар онҳо гӯё  дар мавриди мубориза бо  вирусу бактерияҳои ниҳоят хатарнок  пажӯҳиш анҷом дода мешаванд. Дар амал бошад, ин як тайёрӣ ба ҷанги биологӣ дар ҳудуди кишварҳои пасошӯравӣ буд. Чунин лабораторияҳо дар шаҳрҳои Харков,Алмаато ва Тбилиси мавҷуданд. Тавре “Русская весна” иттилоъ медиҳад, ҳамаи ин марказҳо бо маблағгузории Вазорати мудофиаи ИМА фаъолият доранд ва дар онҳо маҳз тадқиқотҳое гузаронида мешаванд, ки марбут ба фармоиши ин сохтор аст. Дар онҳо асосан тадқиқотчиён аз Институти тиббии ҳарбии ба номи Уолтер Риди артиши ИМА (иёлати Мериленд)  фаъолият доранд ва  ин лабораторияҳо дараҷаи бехатарии сеюмро доро мебошанд (яъне, ниҳоят хатарнок), ки сахт ҳифозат карда мешаванд. Масалан, дар Тбилиси (Гурҷистон),  дар  ин марказ аз соли 2013 инҷониб гурӯҳи биологҳои ҳарбӣ таҳти роҳбарии подполковник Ҷейми Блоу фаъолият дошт,ки ба омӯзиши вабои африкоии хукҳо машғул буд. 

Ҳанӯз моҳи апрели соли 2019 журнали “Вирус” тадқиқотҳоро оид ба коронавирусе,ки шаклаш дигар шуда буду паҳнкунандагони он кӯршапаракҳо ҳастанд, ба нашр расонд, ки ба қалами олимони қазоқу амрикоӣ тааллуқ дошт. Ин тадқиқот  дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи KZ-33 Агентӣ оид ба кам кардани таҳдидҳои Вазорати дифои Амрико, дар лабораторияи марказии Алмаато  анҷом дода шудаанд.

Дар вақти чуқур омӯхтани маводҳои лабораторияи дар Алмаато будаи амрикоӣ ба хулосае ҳайратоваре омадан мумкин аст,ки чаро  номи мавзеи тадқиқотӣ “ Синдроми бемории респиратории коронавируси Шарқи Наздик “ асту   онро дар Осиёи Марказӣ меомӯзанд? Ин саволест, ки нашрияи мазкур ба он ҷавоб ҷустааст ва ба хулосае меояд, ки дар ин ҷо яроқи биологӣ санҷида мешуд. Ин мавзӯъро профессор Гевин Смит таҳқиқ намудааст, ки қаблан дар Сингапур низ дар лабораторияи дигари амрикоӣ машғули омӯзиши он буд.Чунин тахмин кардан мумкин аст, маҳз дар Қазоқистон кӯршапаракҳоро  ба таври сунъӣ гирифтори коронавирус кардаанд.  Тағйироти генетикие,ки ба вирус ворид карда шуд ва баъдтар унвони COVID-19-ро гирифт, метавонист минбаъд тасодуфан ва ё  қасдан, роҳҳои гуногуни  сарҳадро убур намуда, ба Чин афтад.  

А.ҲОҶӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *