Ятимов ба Қушунҳои сарҳадӣ мукофот дод
Дар толори маҷлисгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ифтитоҳ намуд, сипас Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба 25-соли сипаригардида аз таъриху фарҳанг, артиши миллӣ ва дастовардҳои замони Истиқлолияти Тоҷикистон суханҳои пурмухтаво намуданд.
Раиси КДАМ ҶТ аз ҷумла қайд карданд, ки Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлол буда, дар байни дигар мақомотҳои қудратӣ, ҷавонтарин ва пурмасъулияттарин мақомот ба ҳисоб мераванд. Қўшунҳои сарҳадӣ бо ҷузъу томҳояш аз рўзҳои аввали таъсисёбиаш бо дастгириҳои бевосита ва ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолиятро дар тамоми самтҳои сарҳади давлатӣ пурзўр намуда, амният, якпорчагӣ ва тамомияти арзии онро таъмин менамояд, ки ин боиси ороми ва осоиштагии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Фаромӯш набояд кард, ки истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории миллии худро мо ба осонӣ ба даст наовардаем. Мо бояд хуб донем, ки хизмати содиқона ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, инчунин ҳимояи марзу буми он мероси гаронбаҳои аҷдоди мо мебошад. Зеро фарзандони шуҷои ин сарзамин ба Ватан ҳамеша содиқона хизмат карда, парчами истиқлолу озодии худро партавшон нигоҳ доштаанд. Акнун мо бояд сипари боэътимоди шарафу номуси Ватани аҷдодӣ ва парчами парафшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар марзҳои муқаддаси он ҳифз намоем.
Сохтмон ва азнавсозии инфрасохтори сарҳадӣ, беҳтаргардонии шароити хизмати сарҳадӣ-ҳарбӣ доимо дар мадди назари роҳбарияти давлат қарор дорад. Вазоратҳо, муассисаҳо ва сохторҳои худидоракунии ҳокимияти давлатӣ ба сохтмон ва азнавсозии инфрасохтори сарҳадӣ фаъолона мусоидат менамоянд.
Дар замони 25 сол аз Истиқлолияти давлатии ҶТ, дар Қӯшунҳои сарҳадӣ шароит дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ба стандартҳои муосир ҷавобгӯ ташкил карда шудаанд: Зиёда аз 150 дидбонгоҳи сарҳадӣ сохта аз таъмир бароварда шуда, айни ҳол 200 биною иншоот таъмир ва азнавсозӣ карда шуда истодаанд.
Ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар гардонидани шароитҳои зисти хизматчиёни ҳарбии Қушунҳои сарҳадӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ барои хизматчиён хонаҳои истиқоматӣ, қитъаҳои замин низ ҷудо карда мешаванд. Дар даврони истиқлолият солҳои 2013-16 барои хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ 150 хона ҷудо гардидааст.
Айни ҳол Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ доимо пурра гардонида шуда, бехатарӣ ва суботи сарҳадро таъмин менамоянд.
Дар анҷоми чорабини бо Фармонҳои Раиси Кумита ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба афсарону сарбозоне, ки содиқона ба Ватан-Модар дар таҳкими ҳифзи боэътимоди сарҳади давлати хизмат намуданд ва ба комёбиҳо ноил гаштанд, бо медалу нишонаҳои сарисинагӣ, ифтихорномаҳо қадрдони карда шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ