Ёқуб Салимов китоб тӯҳфа овардааст

Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21 сентябр ба маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе китобҳои бадеӣ тӯҳфа овардааст. Ёқуб Салимов 12 сол дар ҳамин маҳбас адои ҳукм карда, тобистони соли 2016 бар асоси қонуни афв озод шуд.

Китобҳое, ки Ёқуб Салимов ба маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе, воқеъ дар қаламрави боздоштго(СИЗО)-и рақами як тӯҳфа кард, ҳама китобҳои бадеӣ будаанд.

Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри чанд акса навишт, ки ин китобҳоро ба муносибати иди истиқлолият ба ин маҳбас тӯҳфа овардааст. Дар аксҳо дида мешавад, ки кормандони маҳбас тӯҳфаҳои Ёқуб Салимовро аз вай гирифта, рӯйхат карда истодаанд.

Ёқуб Салимов гууфтааст, ки ба зиндон китобҳои ашъори Бедил, Мавлавӣ, Рӯдакӣ, Иқбол ва дигар шоирони классики адабиёти тоҷик, ҳамчунин китобҳои адибони машҳури хориҷӣ, ба мисли Стендал, Дюма, Фейербах, Гюго, Шопенгауэр, Борис Акунин, Ҷек Лондон ва дигаронро тӯҳфа кардааст.

Ёқуб Салимов, ки 12 солро худаш дар ҳамин маҳбаси рақами як ба сар бурд, ба гуфтаи маъмурони зиндон, ин ҳама сол асосан машғули мутолиа буд ва тамоми китобҳои мавҷуда дар китобхонаи маҳбасро мутолиа кард.

Ёқуб Салимов соли 1958 дар ноҳияи Вахш ба дунё омада, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таҳсил кардааст.

Исми ӯ бори аввал баъди боздошташ дар робита ба эътирозҳои моҳи феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе расонаӣ шуд. Ӯ ҳамин тавр, дар баҳори соли 1992 ҳамроҳ бо Ғаффор Мирзоев, Исмат ва боз чанд нафари дигар байни ду майдони Озодӣ ва Шаҳидон ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезиҳо хайма зада, эълони гуруснанишинӣ кард.

Дар поёни тобистони соли 1992 Ёқуб Салимов аз Душанбе ба водии Вахш рафта, ба сафи Фронти халқӣ ба раҳбарии Сангак Сафаров пайваст. Дар поёни соли 1992, дар пайи пирӯзии Фронти халқӣ дар ҷангҳои водии Вахш ва рӯи кор омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Ёқуб Салимов, ки он вақт ҳамагӣ 34 сол дошт, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд.

Солҳои 1995-1996 Ёқуб Салимов дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Сурия кор кард ва соли 1996 ба Душанбе баргашта, раҳбари идораи гумрук таъйин шуд.

Аммо дар тобистони ҳамон соли 1996 дар пайи як ошӯби нокоми полковник Маҳмуд Худойбердиев Ёқуб Салимовро низ ба даст доштан дар ин исён айбдор карданд ва ӯ аз Тоҷикистон фирор кард.

Ёқуб Салимов соли 2003 дар Маскав дастгир гардида, дар соли 2004 ба Душанбе супурда шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Дар моҳи июли соли 2016 Ёқуб Салимов бар асоси қонуни афв, баъди қариб 14 сол аз маҳбас озод шуд.

Баъди раҳоӣ аз зиндон Ёқуб Салимов зиёд фаъол ба назар намерасад ва ба гуфтаи наздиконаш, асосан машғули табобати бемориҳоест, ки аз зиндон «мерос” овардааст. Вале дар моҳи июни соли ҷорӣ ӯ бо нашри як муроҷиатнома аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хост, то ба муносибати солгарди 20-уми имзои созишномаи сулҳ боз як афви саросарӣ эълон кунад. Ёқуб Салимов навишт, аз таҷрибаи худ ва солҳои дар зиндон сипарикардааш медонад, ки на ҳамаи маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон одилона маҳкум шудаанд ва дар байни онҳо бегуноҳон кам нестанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *