Ё зани ман мешавӣ ё аз ҳеҷ кас!
Чӣ гуна дар Ҳиндустон духтаронро барои «НЕ» ҷазо медиҳанд
Ҳарчанд дар замони муосир никоҳ ва барпо намудани оила амале ба шумор меравад, ки дар иҷрои он ҳар шахс озод аст ва ҳаққи интихобу рад кардани пешниҳоди хонадоршавиро дорад. Вале ҳатто дар ин асри 21 низ ҳастанд кишварҳое, ки дар он ҷо занон ҳуқуқӣ рад кардани пешниҳоди арӯсиро надоранд, масалан Ҳиндустон.
Дар ин кишвари афсонавӣ мутаасифона ҳаёти ҷавондухтарон ба таври даҳшатангез пеш меравад на чуноне, ки дар филмҳои ҳиндӣ пур аз муҳаббату садоқат. Мувофиқи қонуни нонавиште, ки то ба ин замон дастбакор аст агар духтар ба пешниҳоди издивоҷи аз ҷониби мард шаванда, ҷавоби рад диҳад пас вай марди радшуда рӯйи духтарро бо кислота месузонад. Албатта пас аз ин амали даҳшатовар ҳатто даҳҳо ҷароҳии пластикӣ наметавонад зебогии рӯйро ба духтари бадбахт пасгардонад, вале зиёд ба чашм расидани духтарони ҷавон бо чеҳраҳои сӯзонидашуда нишондиҳандаи он аст, ки хонумони боғайрат бадафтиро аз зиндагии бидуни муҳаббат ва пур аз ҷаҳлу асоратро бо оне,ки дусташ намедоранд авлотар медонанд. Бадии кор дар ин аст, ки бо чунин чеҳра онҳо дигар на ба дӯстдоштаи худ ва ҳатто на ба волидайнашон даркор нестанд. Шумораи зиёди духтарон аз тарси ҳамин амали ваҳшиёнаву аз замони қадим боқӣ монда ба никоҳҳои маҷбӯрӣ ризоият медиҳанд. Ҳарчанд дар мавридҳои зиёд ба духтарони ҳануз наврас мардони солор хостгор мешаванд.
Ногуфта намонад, ки дар наздикии Тоҷмаҳал қаҳвахонае ҳаст, ки ба чунин духтарон ёрдам мекунанд. Дар ин қаҳвахона духтарони бадафтгаштаро ба кор мегиранд то тавонанд аз лиҳози иқтисодӣ худро таъмин намоянд. Аксҳои зер нишондиҳандаи иродаи қавии ин хонумо аст, ки ба ҳеҷ чиз нигоҳ нокарда, ба зиндагии хеш идома медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ