Ёдбуди охирин подшоҳи Русия

Мардуми зиёд дар Екатеринбурги Русия рӯзи душанбе дар солгарди катли охирин подшоҳи Русия Николайи II ва хонаводаи ӯ ҷамъ омаданд ва хотираи онҳоро гиромӣ доштанд.

Раҳпаймоён бо тасвирҳои Калисои Православӣ аз маконе зиёрат карданд, ки подшоҳ Николай, малика Александра ва панҷ фарзанди онҳоро Болшевикҳо соли 1918, чанд моҳ баъди ғасби ҳукумат, дар онҷо ба қатл расониданд. Ҷасади хонаводаи подшоҳ дар ҳамин макон хок шудаанд.

Соли 2000 Калисои Православии Русия пошоҳ ва хонаводаи кушташудаи ӯро тақдис, ё муқаддас эълон кард.

Ёдбуди Николайи II ҳар соли 17 июл дар Екатеринбург баргузор мешавад.

Хабаргузориҳои Русия мегӯянд, ки имсол даҳҳо ҳазор дар раҳпаймоӣ иштирок карданд.

Дар ин рӯз бисёр одамон ба ёди подшоҳи охирини Русия дар калисои Санкт Петербург, Маскав ва шаҳрҳои дигар намоз гузоштанд ва дуо карданд.

Бахши умдаи русҳо пайравони Калисои Православӣ ҳастанд, аммо назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки теъдоди ками онҳо ба таври муназзам ба калисо мераванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *