Ёде аз Аловуддин Абдуллоев, ки ҳатто дар “Мосфилм” мавқеъ дошт
15-уми май зодрӯзи Аловуддин Абдуллоев, ҳунарманди номвар ва саршиноси тоҷик аст. Агар умр вафо мекард, имсол 58-солагии нобиғаи ҳаҷву театр ва синамои тоҷикро таҷлил мекардем. Ӯ моҳи феврали соли 2022 дар синни 57-солагӣ бар асари бемории қалб дар шаҳри Бохтар вафот кард.
Лаззати “Шӯхиҳои Аловуддин”
Дилафрӯз, сокини шаҳри Бохтар мегӯяд, ки “аз тамошои саҳнаҳои “Шӯхиҳои Аловуддин” лаззат мебарам. Ӯ афзуд, ки мухлисони ҳунари шодравон Аловуддин Абдуллоев синну соли гуногун буданд.
— Аз хурд то бузург бинандаи саҳнаҳои ӯ буданд. Воқеан ҳунарманди нотакрори тоҷик буд. Дар ҳар мавзуе, ки саҳна меофарид, бо ҷиддият ва касбӣ аз лаҳҷаҳои минтақаҳои гуногуни кишвар истифода мекард, ки ҳеҷ фарқе аз гуфтори сокинони ҳамон минтақа дида намешуд. Ҳанӯз саҳнаҳои ӯро аз телевизион ба намоиш мегузоранд ва бо завқ тамошо мекунам,- афзуд ӯ.
Ҳунарманди муваффақ
Отахон Саидзода, роҳбари Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ва яке аз шогирдони асосии Аловуддин Абдуллоев дар суҳбат бо рӯзномаи “Тоҷикистон” гуфт, ки хизматҳои ҳунарманди маҳбубу нотакрор дар рушди театр ва фарҳанги тоҷик ба ҳамагон маълум аст.
Ӯ афзуд: “Устод Аловуддин аз зумраи ҳунармандони асил буд, ки дар филмҳои тоҷикиву “Мосфилм” ва дар театр мавқеи худро дошт. Ӯ дар ҳарду самт муваффақ буд. На ҳар ҳунарманд ба мисли ӯ маҳбубу муваффақ мешавад”.
— Ӯ бо таҳияи саҳнаҳои “Шӯхиҳои Аловуддин” маҳбубият пайдо карда, то абад дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст. Ӯ сабки хосаи худро дошт ва ҳунарманди ҳирфаии ҳаҷв буд. Ончунон маҳорати баланд дошт, ки аз як ҳолат ба ҳолати дигар моҳирона ворид мешуд ва бинандаро ба дунёи дӯстдориву муҳаббат дар зиндагӣ мебурд,- афзуд ҳамсуҳбатамон.
Саидзода Отахон мегӯяд, ки Аловуддин Абдуллоев дар тарбияи шогирдон бисёр бодиққат буд: “Бо мо мисли инсонҳои бузург рафтор мекард. Мо назди устод чунон озод будем, ки гӯё ӯ ҳамсоли мо бошад. Ба фикру идеяҳои мо ҳам таваҷҷуҳ мекард ва ба шогирдон эҳтироми зиёд дошт. Шахсан ман ифтихор мекунам, ки шогирди як абармарди санъати асили миллати тоҷикам. Ӯ ифтихори мо — шогирдон буд”.
Баҳравар аз маҳбубияти хос
Аҳли фарҳанги вилояти Хатлон даргузашти ин ҳунармандро талафоти бузург дар синамо ва театру ҳаҷви тоҷик мегӯянд.
Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати фарҳанг дар вилояти Хатлон гуфт, ки дар ҳақиқат Аловуддин Абдуллоев яке аз ҳунармандони касбии театри тоҷик, ҳаҷвнигори шинохтаву сербинанда буд.
“Хизматаш дар рушди соҳаи фарҳанги кишвар беназир аст. Бо ҳунари нотакрораш на танҳо дар миёни сокинони Хатлон, балки кулли мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ маҳбубу муътабар гардидааст. Даргузашти Аловуддин Абдуллоев талафоти гарон дар соҳаи фарҳанг аст. Мо маҳбубтарин ҳунармандро аз даст додем. Ӯ бо таҳияи барномаи «Шӯхиҳои Аловуддин» тайи 10 сол миёни тамошобинон аз маҳбубияти хос баҳравар буд. Ҳаводорони ҳунараш ӯро самимона дӯст медоштанд. Мутмаинам, ки то абад дар қалби мардуми фарҳангдӯсти тоҷик ҷойгаҳи махсус хоҳад дошт”,- афзуд вай.
Аловуддин Абдуллоев дар намоишҳои театрӣ ва филмҳои гуногун нақшҳои мондагор офаридааст. Ҳукумати кишвар хидматҳои бесобиқа ва пурарзиши ӯро қадр карда, соли 2006 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2013 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонидааст.
Бузургон намемиранд, онҳо танҳо аз пеши чашм дур мешаванд. Аммо дар умқи қалбҳо маскан мегиранд.
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Аловуддин Абдуллоев аз зумраи ҳамин гуна шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик аст.
Қадрдонии хизматҳои бесобиқа
Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд. Кохи фарҳанг ба хотири хизматҳои бесобиқаи ҳунарманди номвари тоҷик ҳанӯз декабри соли 2022 бо қарори иҷлосияи 13-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар даъвати шашум ба номи ӯ гузошта шуд.
Аловуддин Абдуллозода миёни дӯстдорони ҳаҷв ва кино шуҳрати зиёд дошт. Ӯ дар даҳҳо филмҳои ҳунарӣ ва намоишномаҳои театрӣ нақш офаридааст.
Аз марҳум Аловуддин Абдуллоев ҳашт фарзанд боқӣ мондааст. Ҳоло Отахон Абдуллоев — фарзанди ҳунарманди зиндаёд касби падарро интихоб кардааст. Феълан Отахон дар бахши чоруми ихтисоси драма ва кинои Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил мекунад.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ