Ёде аз устоди некном

Омӯзгор шахсе аст, ки худро барои бедории халқу миллат фидо месозад. Ӯ шамъеро мемонад, ки худ месӯзаду ба дигарон равшанӣ медиҳад. Истамқулов Зокирҷон аз зумраи ҳамин гуна омӯзгорон буд.

Истамқулов Зокирҷон аз он инсонҳоест, ки гӯё маҳз барои кори омӯзгорӣ ба дунё омадааст. Ҳамин аст, ки наздик ба ним аср умри худро сарфи ин ҷода намудаву аз кору пайкори хеш меболиду ифтихор мекард. Дар воқеъ, ифтихор аз он мекард, ки шогирдони зиёдеро тарбия намудаву ба онҳо аз нозукии улуми кимиё ва биология сабақ додааст.

Истамқулов Зокирҷон соли 1948 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт зода шудааст. Аз сабаби он, ки дар хурдӣ аз падар маҳрум шуд, дар тарбияи модари маърифтапарвараш Халилова Шоҳиннисо ба воя расид. Пас аз хатми мактаби 10-солаи деҳа бинобар вазъи иқтисодии оила дар канори модар истода, барои таъмини зиндагӣ як муддат дар Идораи давлатии беҳдошти замин дар нрҳияи Ашт фаъолият намуд. Вале дар ин ҳангом як лаҳза ҳам аз омӯзиш дур нашуда, аз пайи худомӯзӣ буд.

Ҳамин аст, ки соли 1968 ҳуҷҷатҳояшро ба Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи М. С. Киров (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров) супорид. Соли 1973 ин мактаби олиро аз рӯйи ихтисоси омӯзгори фанҳои химия ва биология бо муваффақият хатм кард. Қобилияти ӯро дар замони таҳсил устодон ба назар гирифта, пешниҳод мекунанд, ки фаъолияташро дар донишгоҳ идома диҳад. Вале бинобар сабаби саробонии оиларо бар уҳда доштан, ба зодгоҳи худ баргашта, тамоми умр дар деҳа машғули таълиму тадрис мешавад ва соҳибэҳтиром мегардад.

Ҳамчунин, ӯ бо як қатор хислатҳои ҳамидаи хеш миёни ҷамъи ҳамкорону ёру дӯстон ҷойгоҳи хоса дошта, дар маъракаву маҷлисҳои берун аз деҳа — ҷамоату ноҳия садрнишин буд. Албатта, чунин шахсон орӣ аз ҳар гуна кибру ғурур буда, бар замми он соҳиби донишу маърифати баланд ҳастанд, дар ҳар ҷою макон, дар байни хосу ом соҳибэҳтироманд.  

Мавсуф дар зарфи 45 соли фаъолияти педагогӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, борҳо аз тарафи Вазорати маорифи кишвар ва шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон бо ифтихорномаҳову сипосномаҳо қадрдонӣ шудааст.

Дар баробари ин ҳама, марди фарҳангпарвар Зокирҷон Истамқулов шахси китобдӯст буда, дар китобхонаи шахсии худ нусхаҳои зиёди китобҳои нодирро ҷамъоварӣ намудааст, ки имрӯз ҳар яке аз онҳо гавҳари гаронбаҳоеро мемонанд.

Шогирдони зиёди устоди мушфиқу меҳрубон ба камол расидаву ҳар яке дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар кору фаъолияти пурсамар доранд.

Ҳарчанд устоди некном имрӯзҳо бо мо нестанд, вале бо ихлосу самимияти беандоза шогирдон ёди неки ӯро мекунанду хотироташро гиромӣ медоранд.

Бахтовар ТЕМИРЗОДА,

омӯзгор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *