Ёди Махсум Олимӣ. Рӯнамоии китобҳои «Дар моварои ёдҳо» ва «Равзанаи саҳар»
Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо ташаббуси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва китобхонаи мазкур маҳфили рӯнамоии китоби ёдномаҳои шоири шаҳиди тоҷик Махсум Олимӣ «Дар моварои ёдҳо» ва маҷмӯаи шеърҳои шоири ҷавон Шаҳриёр Олимӣ «Равзанаи саҳар» баргузор гардид.
Гардонандаи маҳфил — Шоири халқии Тоҷикистон, мудири шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзода маҳфилро оғоз бахшида, оид ба осору рӯзгори Махсум Олимӣ ва пайванди ӯ ибрози назар карда, хотираҳои равшани худро аз нишасту мулоқотҳои хеш бо шоири шодравон Махсум Олимӣ ёдовар шуд. Ӯ иброз дошт, ки «дар адабиёт адиби бузург ва адиби хурд нест. Дар адабиёт ҳама суханварон баробар ҳастанд. Танҳо қуллаҳои баланд ва ахтарони равшане вуҷуд доранд, ки аз нури ин ахтарон шогирду ворис ва пасовандонашон нур гирифтаанд. Имрӯз маҳфили мо ба хонадони суханварон, ба устоди адабиёти мо, ки дар солҳои 90-ум шаҳид гардид, дӯсти арҷмандам Махсум Олимӣ ва фарзанди ин шахсияти номвар ва шоири шӯрида, шоири ҷавони мо Шаҳриёр Олимӣ бахшида шудааст.
Махсум олимӣ аз зумраи шоирони ҳассос ва боумед буд ва монанди як ҷарраққаи нуре, ки омаду рафт, аз худ як дафтари хуби ашъорро боқӣ гузошт. Адабиёти мо, ки ситоишгари ҷавонмардӣ аст, тавассути ҳамин гуна шахсиятҳои ба маънои комилаш «мард» мондагор мебошад. Махсум Олимӣ аз деҳаи хурди куҳистони Каздон ба пойтахти мамлакати бузурги Шӯравӣ — Москва бо ҷавонмардии устодон Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром барои таҳсил рафт ва шахсе буд, ки дар садоқат, рафоқат ва дӯстӣ якто ва беқиёс буд».
Сипас, директори китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов чопи ин ду китобро ба ҳозирин таҳният гуфта, чанд порчаи шеъриро аз эҷодиёти Махсум Олимӣ қироат кард.
Декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, профессор Замирахон Улмасова гуфт, ки «Махсум Олимӣ дар шеърҳои худ ҳаёти иҷтимоии миллати тоҷикро ба дард суруда, ҳар нуқсону камбуди ҷомеаро аз дили хеш гузаронидаанд ва дар ин умри кӯтоҳи худ бо ошъори хеш ба ҷовидонагӣ пайвастаанд, ки ин ҳол на ба ҳама шоирону нависандагон муяссар мегардад».
Муҳаррири китоб, доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод нахуст атрофи мазмуну моҳияти китоби ёдномаҳо ҳарф зада, иброз дошт, ки «ин ҷо маҳфили ёду эҷод аст. Вақте мо дар мактаб таҳсил мекардем, шеърҳои зебои шоир Махсум Олимӣ «Ташнаи оби Зарафшонам ҳанӯз» ва «Тарси ман» тавассути оҳанги ҳунарманди нотакрори тоҷик Хосият вирби лаби хурду бузург буданд. Устод Махсум Олимӣ аз зумраи шоироне буданд, ки ҳарчанд дар равиши эҷоди худ аз устодон Қутбӣ, Лоиқ ва дигар устодон истиқбол мекарданд, вале дар ашъорашон шӯру шари ба худ хосашон як навъ тобишҳои шоиронае дошт ва шоире буд, ки бо роҳи худ қадам мезад».
Дар идома шоири тоҷик Адиба Хуҷандӣ гуфт, ки «устод Неъмат Оташ ҳамеша аз устод Махсум Олимӣ ёд карда, мегуфтанд, ки агар риштаи мубораки умри Махсум Олимӣ дар айни ҷавонӣ канда намешуд, яке аз шоирони машҳур дар шеъри тоҷик мешуд, вале афсӯс. Устод Неъмат Оташ ҳамеша аз хотироти худ бо устод Олимӣ нақл карда, мегуфтанд, Махсум шахсе буданд, ки ороста бо фарҳангу адаб. Мутеи афкори касе набуданд ва андешаву шеъри олии худро доштанд. Нақиби Нақабӣ мегӯяд, ки нотакрортарин шоир он аст, ки бо шахсият ва ашъори хеш аз ҳамзамонон ва ашхоси пешу пас аз худ фарқ кунад. Махсум Олимӣ аз ҳамин гуна шоирони фарзона ва шоири бисёр ҷиддие буданд, ки тамоми дардҳои ҷомеаро дар умри кӯтоҳи худ дида, бо ҳунари шоирона гуфтаанд”.
Шоири дигари тоҷик Гулноз Тоҳириён бошад, бештар ба ҷанбаи зебоӣ ва шеърҳои хусусияти пешгӯикунандаи Махсум Олимӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, ин маҳфилро маҳфили зебо, эҳё ва садоқату ёдҳо маънидод кард.
Шеърхонии шоири ҷавон Шаҳриёр Олимӣ аз эҷодиёти хеш ва таронахонии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнҷон Юсупов аз ашъори Махсум Олимӣ анҷомбахши маҳфил гардид.
«Дар моварои ёдҳо» маҷмӯи ёдномаҳои шоирон ва чеҳраҳои саршиноси аҳли адаби кишвар, аз ҷумла устод Қутбӣ Киром, нависандагони халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, Ато Ҳамдам, шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Доро Наҷот, Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Аҳмадҷони Раҳматзод буда, аз бахшҳои ёдномаҳо (наср), нақдгунаву мусоҳибаҳо, сӯгвориҳо (назм) ва лаҳзаҳо дар аксҳо иборат мебошад.
Китоби мазкур тариқи нашриёти «Ношир» бо теъдоди 300 нусха чоп шуда, мураттиби он Шаҳриёр Олимӣ, муҳаррири он устод Нуралӣ Нурзод мебошанд.
«Равзанаи саҳар» маҷмӯаи шеърҳои Шаҳриёр буда, ба он Шоири халқии Тоҷикистон устод Рустам Ваҳҳобзода пешгуфтор навиштааст.
Ёдовар мешавем, ки китобҳои мазкур бо дастгирии роҳбарияти МИҲД-и вилояти Суғд ба нашр расидаанд, ки муаллиф аз эшон сипосгузор аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ