Ёди некӣ пуркортарин ва пурмаҳсултарин донишманди тоҷик гиромӣ бод!

Номи Аълохон Афсаҳзод дар саҳифаҳои торихи халқи тоҷик ҳамчун як олими пурмаҳсул ва муҳаққиқи нозукназар ёдоварӣ мешавад.

Хидмати устод Афсаҳзод дар рушди фарҳанг ва адабиёти форсии тоҷикӣ назаррас буд ва осори гаронбаҳои ин марди ҳунар дар Ирон, Ҳиндустон, Покистон ва дигар кишварҳои Шарқ маълуму машҳур  буда, қадршиносӣ шудааст. Аълохон Афсаҳзод соҳиби 50 китоб ва беш аз 700 мақолаи илмӣ буда, ба иттилоъи олим, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣҚурбон Восиев,«Устод дар улуми матншиносӣ ва пажӯҳиши чеҳраҳои адабӣ барои адабиёти клоссик саҳми арзанда доштааст».

Аълохóн Афсаҳзóд (10 ноябри 1935, деҳаи Ворӯ, ноҳияи Панҷакент ба дунё омада 15 июли 1999 дар шаҳри Душанбе олами фониро падруд гуфта ба ҷавори Ҳақ пайвастанд.) — адабиётшинос, шарқшинос, матншинос, мунаққиди тоҷик, доктори илмҳои филология (1983), Ходими шоистаи илми ҶТ (1995). Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1989. Хатмкардаи УДТ (1961). Хидмат дар сафҳои Артиши Шӯравӣ (1954–1955), омӯзгори мактаби миёна (1956–1960), тарҷумон дар Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1960–1961). 

Чун имрӯз зодрӯзи ишон аст, устодро ба некӣ ёд карда даст ба дуо мегӯем, ки номи неку ёди устод гиромӣ бод. Мо барои хонанада бо овардани зиндагинома ва фаъолияти ишон иктифо карда, қазоватро ба ихтиёри хонанда вогузор менамоем.

Зиндагинома

Хатмкардаи УДТ (1961). Хидмат дар сафҳои Артиши Шӯравӣ (1954–1955), омӯзгори мактаби миёна (1956–1960), тарҷумон дар Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1960–1961). Солҳои 1961–1962 лаборант, 1962–1968 ходими хурди илмӣ, 1968–1970 ходими калони илмии Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, 1971–1999 мудир буд. Нахустин мақолаҳояш дар нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ солҳои 60 асри XX таълиф шудаанд.

Пажуҳишот

Аълохон Афсаҳзод яке аз пуркортарин ва пурмаҳсултарин донишмандони тоҷик маҳсуб мешавад. Ба қалами ӯ беш аз 600 таълифот (монографияҳо, рисолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва ғайра) тааллуқ доранд.

Доира ва самти пажӯҳишҳои илмии Афсаҳзод хеле васеъ буда, масъалаҳои таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик (рисолаҳои «Ҳофизнома», 1971; «Камоли Хуҷандӣ», 1976; «Абдураҳмони Ҷомӣ», 1978; «Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуввуми асри XV», 1985; «Одамушшуаро Рӯдакӣ», 2003 ва ғайра), адабиёти муосири тоҷик (мақолаҳои танқидӣ адабӣ, таҳқиқи масъалаҳои гуногуни эҷодиёти С. Айнӣ, М. Турсунзода – «Ифтихори Шарқ», Ғ. Абдулло, С. Улуғзода, Ф. Ансорӣ, Ҷ. Икромӣ, А. Сидқӣ ва дигарон), муаррифии шоирону нависандагон ва адибони Эрону Афғонистон (мураттиби маҷмӯаи ашъори шоирони Эрон – «Амвоҷи Корун», мақолаи «Назаре ба шеъри форсизабонон») ва ғайраро дар бар мегирифт.

Омӯзиши ҳаёту эҷодиёт ва афкори Абдураҳмони Ҷомиро Афсаҳзод аз таҳқиқи «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ шурӯъ кард ва баъдан омӯзиши кулли эҷодиёти ӯро фаро гирифта, яке аз ҷомишиносони маъруф дар доираҳои илмии Шарқу Ғарб шинохта шуд.

Афсаҳзод дар бораи Ҷомӣ асарҳои таҳқиқии бис­ёре таълиф намудааст: «Рӯз­гор ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ» (1980), «Таҳаввули афкори Абдураҳмони Ҷомӣ» (1981), «Лирикаи Абдураҳмони Ҷомӣ» (ба забони русӣ М., 1985), «Ҷомӣ – адиб ва мутафаккир» (1989), «Ҷомӣ – шоири ғазалсаро», «Нақд ва баррасии осору шарҳи аҳволи Ҷомӣ» (Т., 1999) ва ғайра Солҳои 60 асри XX Афсаҳзод дар ҳамкорӣ бо донишмандони Институти шарқшиносӣ осори Ҷомиро дар Душанбе дар панҷ ҷилд ва дар Теҳрон дар ҳафт ҷилд (ба алифбои арабии тоҷикӣ; 1999–2001) ба табъ расонд.

Ин кори ӯ дар Эрон бо Ҷоизаи байналмилалии «Китоби сол» (2000) ва дипломи ёдгории «Баҳори озодӣ» қадр карда шуд. Афсаҳзод ҳикоёти нависандагони русу кишварҳои Аврупо, осори драмавии Ж. Ж. Руссо «Пигмалион» (1962), Ж. Б. Молйер «Ашрофпараст» (1972), А. Н. Островский «Гирдоби бало» (1978), Тавфиқ Ҳаким «Султони ҳайрон» (1980). «Ҷойи сердаромад» (1981), Е. Шварс «Шоҳи урён» (1983), В. Кримко «Маҷрӯҳон» (1984) ва ғайраро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Ҷоизаҳо

Ройзании фарҳангии Сафорати ҶИЭ ҷоизае ба номи Афсаҳзод таъсис кардааст, ки ба пажӯҳишгарони масоили адабиёти форс-тоҷик дода мешавад. Нахустин барандагони ин ҷоиза дар соли 2004 А. Афсаҳзод барои китоби «Одамушшуаро Рӯдакӣ», А. М. Хуросонӣ ва Ҷ. Назрӣ барои китоби «Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома» буданд. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1985) сарфароз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *