Ёрии ҳуқуқӣ: Аз кор равам, суд мешавам?

Дар як корхонаи шахсӣ дар асоси шартномаи меҳнатии дусола кор мекунам. Бо сабабҳои вазъи зиндагӣ мехоҳам ба кишвари дигар сафар кунам. Роҳбари корхона мегӯяд, ки агар то ду сол кор накунӣ, аз болоят ба суд шикоят мекунам. Агар роҳбарам даъво кунад, дар фаъолияти минбаъдаи ман ягон доғи судӣ ё мушкилӣ пайдо мешавад?

С., шаҳри Роғун

Мувофиқи қисми 5-и моддаи 41-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ бо талаби корманд дар ҳолатҳои беморӣ ё маъюб шудани ў, ки барои аз рўи шартномаи меҳнатӣ иҷро намудани кор халал мерасонад, аз ҷониби корфармо вайрон кардани муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи меҳнатӣ, инчунин бо дигар сабабҳои узрнок бекор карда мешавад.

Мутобиқи қисми 6-и моддаи мазкур Корманд ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳое, ки ҳангоми бастани шартнома корфармо дар бораи шароити меҳнат дар ҷойи кор ба ў маълумоти нодуруст дода бошад ё уҳдадориашро оид ба таъмини ҳифзи меҳнат ва бехатарии меҳнат дар ҷойи кор вайрон карда бошад, шартномаи меҳнатиро пешакӣ бе огоҳ намудани корфармо бекор кунад.

Тибқи қисми 7-и моддаи болозикр яктарафа бекор кардани шартномаи меҳнатӣ аз тарафи корманд ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур манъ аст.

Шарҳи моддаҳои иқтибосовардашуда:

Агар сабабҳои узрнок (аз қабили беморӣ, маъюбӣ ва ғайра), ки барои идомаи фаъолияти меҳнатиатон монеа шуда метавонанд, ҷой дошта бошанд, метавонед фаъолияти меҳнатиатонро қатъ намоед. Агар ҳолатҳои мазкур ҷой надошта бошанд, шартномаи меҳнатиро яктарафа қатъ карда наметавонед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *