Ёрии ҳуқуқӣ: Иҷорашин ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда метавонад?

Ҷои пӯшида нест, ки аксари мардуми шаҳрнишин дар иҷора зиндагӣ мекунанд. Бадии кор дар ин аст, ки соҳибхона ҳар вақте хоҳад, маблағи иҷораро боло мебардорад, ҳар вақте хоҳад, таҳдиди аз хона пеш кардан мекунад. Бар замми ҳамаи он хизматрасониҳое, ки аз тарафи иҷорашин пардохт мегардад, боз ҳуқуқҳояшон поймол мешавад. Кадом идора ё вазорат ин бесарусомониҳои соҳибхонаҳоро танзим мекунад?

Ш., иҷорашин

Тибқи моддаи 117-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи иҷораи манзили истиқоматӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад.

Мутобиқи моддаи 125-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, андозаи пардохти маблағи манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи иҷораи манзили истиқоматӣ аз ҷониби иҷорадеҳ ва иҷорагир бо шартномаи иҷораи манзили истиқоматӣ муқаррар карда мешавад.

Барои асоснок кардани шикоятатон ҷой доштани шартномаи иҷораи манзили истиқоматӣ аҳамият дорад. Агар аз поймолшавии ҳуқуқҳоятон шикоят дошта бошед, метавонед ба мақомоти прокуратура муроҷиат намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *