Ёрии ҳуқуқӣ: Вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ доғи судӣ дорад?
Ба соҳибкорӣ машғулам ва маро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки видеояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёд оварда буд, ба муддати 15 рӯз маҳкам карданд. Фаҳмидан мехоҳам, ки оё ин доғи судӣ маҳсуб меёбад ва он ба ояндаи кӯдаконам зарар мерасонад?
Ш. Л., шаҳри Норак
— Тибқи моддаи 36-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз намудҳои ҷазои маъмурӣ — ин ҳабси маъмурӣ ба ҳисоб меравад. Ҳабси маъмурӣ аз 1 то 15 шабонарӯз (дар ҳолати истисно то 30 шабонарӯз) таъин карда мешавад.
Доғи судӣ танҳо дар сурати содир кардани ҷиноят ба миён меояд. Яъне, ин хоси ҳуқуқи ҷиноятӣ мебошад. Аз ин рӯ, шумо доғи судӣ нагирифтаед ва барои кӯдаконатон таъсире надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ