“Ёрии таъҷилӣ”. Чаро дар пойтахт ба он роҳ намедиҳанд?

Дар шаҳр зиёд аст ҳолатҳое, ки ба нақлиёти «Ёрии таъҷилӣ» роҳ намедиҳанд. Ин монеа мешавад барои саривақт нарасидан ба назди бемор. Зиёд ронандагон аз ин огоҳ нестанд, ки роҳ надодан ба мошиниҳои “Ёрии таъҷилӣ” тибқи қонун муҷозот дорад.

Роҳ надодан ба “Ёрии таъҷилӣ” чӣ паёмад дорад?

Барои роҳ надодан ба нақлиёти ҳолатҳои фавқулода, ба мисли “Ёрии таъҷилӣ”, хадамоти оташнишонӣ мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон чораҷӯӣ карда мешавад.

Ин мошинҳо ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳои ниҳоят зарурӣ ҳатто ҳангоми сурх будани чароғак гузаранд, ба шарте, ки садодиҳандаҳои огоҳкунанда (сирена)-и онҳо фаъол бошад ва ронанда мутмаин бошад, ки ҳангоми убур ҳолати садамавиро ба миён намеорад.

Дар ҳолати роҳ надодан ба “Ёрии таъҷилӣ” ронандагон тибқи моддаҳои 318 ва 326-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳатто агар чароғак сурх бошад ҳам, “Ёрии таъҷилӣ” ва ё дигар нақлиёти хадамоти ҳолатҳои фавқулода ҳуқуқ доранд, ки дар ҳолатҳои ниҳоят зарурӣ бо фаъол кардани сигнали сирена онро гузаранд.

Моддаи 318-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон “барои итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгар, роҳ надодан ба нақлиёти барои гузаштан бартаридошта” ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ мекунад.

Тибқи моддаи 326-и ин Кодекс низ “барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро ногаҳон ба тағйир додани суръат, самти ҳаракат ё андешидани дигар чораҳо барои таъмини бехатарии худ ё дигарон маҷбур намуда, ба пайдоиши ҳолати садамавӣ мусоидат менамояд”, ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда шудааст.

Шаҳодатномаҳои “харидашуда” ва қоидавайронкуниҳо

Ронандагони нақлиёти “Ёрии таъҷилӣ”-и Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ низ аз бетартибӣ ва қоидавайронкуниҳои ронандагон дар роҳҳои пойтахт ба мо шикоят карда, гуфтанд, ки ба назди бемор дар вақти муайяншуда расида рафтан ниҳоят мушкил аст.

Ба ақидаи онҳо, аксари ронандагоне, ки “Ёрии таъҷилӣ”-ро роҳ намедиҳанд, шаҳодатномаи ронандагиро бо пул харидаанд ва шумораашон ниҳоят зиёд аст.

Дар фаъолияти кормандон ҳолатҳое низ кам набудаанд, ки бемор то расидани “Ёрии таъҷилӣ” фавтидааст.

«Ёрии таъҷилӣ» дар муддати на беш аз 4 дақиқа баъд аз қабули даъват бояд омодаи сафар шавад. Ба назди бемор бошад, мувофиқи таҳлилҳо, вобаста ба масофаи роҳ то 12-13 дақиқа ҳозир шудан лозим аст. Вале монеаҳои роҳ ё роҳ надодани ронандагони автомобилҳои шахсӣ сабаб мешавад, ки аз вақти муайяншуда дер кунанд.

Суман Убайдуллозода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *