Ёровро ба «Беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ» ва «Таҳқири намояндаи ҳокимият» айбдор мекунанд

Додситонии кулли Тоҷикистон нисбати вакили дифоъи маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров тибқи моддаҳои «Беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ» ва «Таҳқири намояндаи ҳокимият» парванда кушодааст.

Бузургмеҳр Ёров ва ҳампешааш Нуриддин Махкамов чанде пеш бо айби барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва маҳаллӣ, инчунин даъват ба сарнагунии ҳокимияти конститутсионӣ мутаносибан 23 ва 21 сол зиндонӣ шуданд.

Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр мегӯяд, парвандаи навбатӣ дар пайи як баҳси шадид миёни бародараш Бузургмеҳр Ёров ва айбдоркунандаи давлатӣ Рустам Тақдирзода дар яке аз охирин мурофиаҳо рӯзи 29 сентябр боз шуд.

Айбдоркунандаи давлатӣ ин изҳоротро шарҳ намедиҳад, аммо намояндагони Додгоҳи шаҳрии Душанбе мегӯянд, парвандаи нав ҳанӯз ба додгоҳ фиристода нашудааст. Дар сурати исботи айби Бузургмеҳр, ӯро то 10 соли иловагии зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *