Ёвари котиби давлатии ИМА ба Қирғизистону Тоҷикистон омад
— Ёвари котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Доналд Лу рӯзҳои 22-27-уми апрел аз Қирғизистону Тоҷикистон дидан мекунад,- хабар медиҳад Департаменти давлатии ИМА.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ИМА, дар Бишкек ёвари вазири корҳои хориҷӣ бо мақомоти аршади ҳукумати Қирғизистон, ҳамчунин намояндагони бахши иқтисод ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳад кард. Мавзуҳои аслии ин нишаст пуштибонии Амрико аз иқтисоди Қирғизистон, тавонмандсозии иқтисодии занон, ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот хоҳад буд.
Сипас Доналд Лу ба Душанбе сафар карда, бо мақомоти давлатии Тоҷикистон мушкилот ва ҳадафҳои муштарак, аз ҷумла мушкилоти амниятиро баррасӣ мекунад. Вай ҳамчунин бо намояндагони матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дидор хоҳад кард.
“Садои Амрико” менависад, ки мақсади сафари Доналд Лу таҳким бахшидани равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба думболи сафари вазири хориҷии Амрико Энтони Блинкен ба минтақа дар моҳи феврал мебошад.
Гуфта мешавад, ки ёвари котиби давлатии ИМА Доналд Лу дар Бишкек ва Душанбе аз идомаи пойбандии Амрико ба истиқлол, тамомияти арзӣ ва истиқлоли ин ду кишвари пасошӯравии Осиёи Марказӣ таъкид хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ