Ёвон: Ҳакимзода волидайни сарбози фавтидаро аёдат кард
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон хонаводаи сарбози фавтидаи тоҷик Фирдавс Худойбердиевро аёдат кард.
Ёдовар мешавем, ки ин сарбози тоҷик дар даргириҳои ахири марзӣ аз сӯйи марзбонони қирғиз кушта шуд.
Дар хабарномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гуфта шудааст, ки “Худойбердиев Фирдавс Анварович 1-уми августи соли 2002 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Ӯ соли соли 2020 муассисаи таълимии рақами 36-ро хатм карда, ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон ҳозир мешавад. Ӯ октябри соли 2020 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар барои адои қарзи фарзандии хеш мепайвандад. Моҳи сентябри соли ҷорӣ Фирдавс Худойбердиев дар муноқишаҳои марзӣ мардонавор ба ҳалокат мерасад”.
Қурбон Ҳакимзода ба волидони ӯ барои ба камол расонидани фарзанди ҷоннисори миллат изҳори сипос мекунад. Ӯ мегӯяд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва ҳифзи марзу буми ватан қарзи инсонӣ ва шарафи бузург барои ҳар як ҷавонмарди ин ватан аст.
Волидони Фирдавс Худойбердиев аз дастгириҳои Роҳбари давлат ва вилояти Хатлон изҳори қаноатмандӣ карда, гуфтаанд, ки “ҳарчанд фарзандамон аз олам гузашта бошад ҳам, вале ҷон додан дар роҳи ҳифзи марзи кишвар — ин шарафи бузург дар назди халқ ва давлат мебошад. Дар оянда ҳам ният дорем, ки дигар фарзандонро барои ҳимояи марз ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ равона созем”.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ