Ёвон: Чаро келин хусуру хушдоманашро корд зад?
“Сарам чӣ хеле шудааст, ки гап занам, дард мекунад”,-гуфт Момагул Мирзоалиева дар суҳбат бо хабарнигори ҳафтаномаи “Оила”.
-Ҳодиса дар куҷо рух дод?
-Дар хонаи дигар (ишора ба тарафи чап кард), ки ҷои хоби ману шавҳарам аст, ба вуқӯъ пайваст.
-Кадом рӯз буд?
-2 ноябр, тақрибан соатҳои 3-и шаб буд.
-Вақти дар беморхона буданатон аз мақомот барои пурсиш омаданд?
-Дар ҳуҷра будам, ки гуфтанд муфаттиш омадаасту дар назди духтур аст, вале пеши ман надаромад. Шавҳарамро ду нафар аз прокуратуратура ва сардори милитсия пурсупос кардаанд.
Дар ду ҷои бадан захми корд аст
Солеҳов Абдулазиз, шавҳари Момагул ба суҳбат ҳамроҳ шуда мегӯяд:
Вақте овози ҳамсарам баромад, чашмонамро кушода дидам, ки ду сиёҳпӯш ӯро зада истодаанд. Диданд, ки бедор шудам, ба ман ҳуҷум карданд. Бо корди дар дасташон буда ба ду ҷои баданам корд заданд. Якеаш дар қафаси синаам расиду дуюмаш ба шикамам. Дар ин миён чӣ хел шуд, ки таёқашон ба дастам афтод. Аз фурсат иитифода бурда ҳардуяшонро бо таёқ задан гирифтам. Корди дар дасти апаааш буда аз дасташ парида ба болои чогаҳ афтид. Дасташон, ки холӣ монд, ҳардуяшон рӯ ба гурез ниҳоданд. Саг аз қафояшон давид, вале келинам чизе гуфт, ки ҷонвар ором шуд. Сагамон овози келинро мешиносад, барои ҳамин ман ба хулосае омадам, ки ду сиёҳпӯши ба мо ҳуҷум карда, бегона не, келини худам ва апааш будаанд…
Мехоҳед донед, ки чаро Миҷгона Бадалова қасди куштани хусуру хушдоманашро намуд? Пас, шумораи навбатии ҳафтаномаи «Оила»-ро ҷӯед, ёбед, хонед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ