Ёвон. Кӯмак ба 200 оилаи ниёзманд дар арафаи Наврӯз

Имрӯз, 15 март бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тавҳид» ба 200 оилаи ниёзманд кӯмак карда шуд. Ин иқдом дар арафаи таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ амалӣ карда шудааст.
Аз мақомоти маҳаллӣ ба Pressa.tj гуфтанд, ки дастгирии шахсони ниёзманд дар асоси ҳидоятҳои инсондӯстона ва ғамхоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Ба иттилои расида, дар моҳи мубораки Рамазон ва арафаи Наврӯзи байналмилалӣ ба 200 оилаи ниёзманд кӯмаки яквақтаи маводи ғизоӣ расонида шуд.
«Ҷиҳати саривақт иҷро кардани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар масъулин дар ноҳияи Ёвон ҳамеша талош мекунанд. Дар арафаи ҷашну маросимҳои давлатӣ, идҳои Рамазон ва Қурбон ба шахсони якаву танҳо, оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон кӯмакҳои гуногун расонида мешавад»,-гуфт манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *