моҳирсемент

Ёвон: Кумаки “Моҳирсемент” ба наздикони фавтида дар як таркиш

Бар асари таркиши қубури сементгузар дар ҶДММ “Чжунгтсай Моҳирсемент”-и ноҳияи Ёвон ду нафар ба ҳалокат расида, шаш каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ҳодиса як шаҳрванди Ҷумҳурии мардумии Чин ва як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтидаанд.

Аз Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки ба наздикони нафарони фавтида дар умум 498 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт шудааст. Ба наздикони шаҳрванди Таҷикистон 228 ҳазор сомонӣ, ба шаҳрванди Хитой бошад, 270 ҳазор сомонӣ дода шудааст. Боз ҳамчун кумак ба фарзандони шаҳрванди фавтидаи тоҷик то ба синни 18-солагӣ расидан ҳар моҳ 2 ҳазору 270 сомонӣ дода мешавад.

Бахтиёр Шарифӣ — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳашт нафар сӯхтаанд. Аз ин шумора се нафарашон шаҳрванди Хитой ва панҷ нафари дигар шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

“Чанд корхонаи бузурги истеҳсоли сементро пурсидам, ҳамин ҳодисаҳо рух медиҳанд. Аз шахсони зарардида ду нафар дар шаҳри Душанбе, боқимонда дар ноҳияи Ёвон таҳти назорат қарор доранд”,-афзуд вай.

ҶДММ “Чжунгтсай Моҳирсемент” калонтарин корхонаи истеҳсоли семент дар ҷануби кишвар аст. Маҳсулоти истеҳсолкардаи ин корхона ба хориҷи кишвар низ содирот мешавад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *