Ёвониҳо барои куштани як саг 23 сомонию 80 дирам сарф мекунанд
Сармуҳандиси Раёсати хоҷагии манзилии коммуналии ноҳияи Ёвон Қурбон Ёров дар як мусоҳибааш таъкид кардааст, ки бо маблағҳои буҷети мақомоти маҳаллӣ дар ду марҳила 10 ҳазор сомонӣ барои харидории тир ҷудо карда шуда бо ин тирҳо 420 саги дайду парронда шудааст.
Ӯ гуфтаст, ки ба далели камбуди тир барои безарар гардонидани сагҳо дар кӯчаҳои маркази ноҳияи Ёвон сагҳои дайду зиёд ба назар мерасанд.
“Барои харидани тир бо мақсади нобуд кардани сагҳо ба раиси ноҳия муроҷиат кардем. Раис моро дастгирӣ кард ва рӯзҳои наздик бояд 5 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шавад”, — илова кард Қурбон Ёров. Агар ин ҳисобу китобҳои сармуҳандис дуруст бошанд, пас 220 саги дигар интизори марганд.
Масъулони беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон низ хабар додаанд, ки дар 7 моҳи соли равон 28 нафар бо далели осеб дидан аз ҳайвонҳо ба беморхона муроҷиат кардаанд.Магар ягон роҳи дигари безарагардонии сагҳои дайду вуҷуд надорад? Дар дигар кишварҳо онҳоро ба сагхонаҳои махсус бурда, он ҷо парвариш мекунанд. Пас, магар сагҳои мо чунин қадр надоранд ва бояд барои солимии мо ҳалок гарданд? Агар ҳамин маблағро барои нигоҳ доштани сагҳои «бомж» сарф кунем чӣ?
А.А.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ