Ю. Яъқубов: Ман хокро оғӯш мекунам…

 

Зардушт аз Карон, Амфитеатр дар Дарвоз, 3700 — солаги Кӯлоб, таърих ё усура дар мусоҳиба бо академики нави Академияи илмҳо

Санаи 14 июли соли равон натиҷаи интихоботи аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон эълон шуд. Дар ин рӯйхат номи яке аз олимони шинохтаи ҷумҳурӣ, бостоншинос ва муаррих, доктори илмҳои таърих Юсуфшоҳ Яъқубов низ буд, ки ба узвияти вобастаи Академияи улум пазируфта шуд ва унвони академикро соҳиб гардид. Дар ин росто, бо эшон суҳбате доштем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

 — Устод аввалан шуморо барои соҳиб шудан ба унвони баланди академикӣ табрик мегӯям.

-Ташаккур.

-Хуб, мехостам донам, ки ба чӣ кор машғулед. Дар кадом ғорҳои таърихӣ изи тоҷиконро мекобед? Чиҳо пайдо карда истодаед?  

— Ростӣ солoҳои охир маблағгузорӣ барои экспедитсияҳо маҳдуд шудааст. Бинобар ин, ман бештар ба масъалаҳои назариявӣ гузаштам. Яке аз охирин корҳое, ки ба анҷом расонидам, дар бораи сулолаи Каёниён буд, ки ба чоп расид. Ин китоб – «Давлати Каёниён» ном дорад ва маҳсули заҳматҳои зиёда аз сисолаи ман аст. То ҳол сулолаи Каёниён устура (ривоят)  хонда мешуд, аммо ман исбот кардам, ки он устура набуда, сулолаи таърихист. Чунин асар  ё таҳқиқот дар ҷаҳон бори аввал ба вуҷуд омад ва мутахассисони дохиливу хориҷӣ китоби маро пазируфтанд. Айни ҳол ин китоб дар Англия бо забони англисӣ тарҷума шуда истодааст ва ба наздикӣ дар он ҷо ба чоп мерасад. Ин асар ба баъзе аз масъалаи баҳсталаби таърихӣ хотима мебахшад ва баъзе масъалаҳои мубоҳисавиро ба миён мегузорад. Аз ҷумла, дар  масъалаи  пайдо шудани ориёиҳо, сулолаи Каёниён  ва маҳали зисти онҳо, Зардушт, пайдоиши дини зардуштӣ ва ватани онҳо ва ғайра масъалаҳое ҳастанд, ки комилан гапи нав ҳастанд ва метавонад мавриди мубоҳисаҳои илмӣ қарор бигирад. Академик Пиатровский, директори Эрмитаж бо ин китоби ман ошно шуда, бисёр тақризи хуб навиштааст. Ҳамчунин, ин китоб сазовори Ҷоизаи байналмаилалии Манучеҳри Фарҳангӣ шуд.

-Ман китоби шуморо хондам. Бубинед, Сулоли Каёниён дар асарҳои бадеӣ ва устуравӣ ёд мешавад, на таърихӣ. Шумо низ дар асаратон ба ривояту афсонаҳо бештар такя мекунед. «Шоҳнома» ва дигар асарҳоро чун манбаъи таърихӣ истифода мебаред. Ҳол он ки илм чунин методро қабул надорад. Ин ҷо суол карданӣ ҳастам, ки шумо аз устура таърих месозед? 

-Ин фикри шуморо пештар низ гуфтаанд, аммо ман беасос чизе намегӯям. Дар ҳар як афсона ё устура ҳақиқати зиндагӣ ниҳон аст. Соли гузашта аз ҷониби Ҳукумат як миқдор маблағ ҷудо шуд ва ман дар қалъаи Ямчуни Бадахшон таҳқиқот гузаронидам. Ҳангоми омӯзиш ба топонимияи Бадахшон шинос шудам. Худи номи Қалъаи Ямчун аз калимаи Ям гирифта шудааст. Ям бошад, номи қадимаи Ҷамшед аст. Ин ном дар Ригведа бо номи Ям- Ҷамшед ва Ями- хоҳари Ҷамшед ёд шудааст. Дар Авасто бошад, номи Ҷамшед ба шакли Им омадааст. Дар Бадахшон то ҳол ин калима истифода мешавад. Маркази ноҳияи Ишкошими Бадахшони Афғонистон низ Ями ном дорад, ки номи хоҳари Ҷамшед аст. Ҳамчунин, калимаи Им низ то ба ҳол фаровон аст: Кӯҳи Им, дараи Им, деҳаи Им ва монанди ин ки ҳама аз номи Ҷамшед аст. Ин як, дувум. Дар Авасто суҳбати Ҷамшед бо Аҳурамаздо ёдоварӣ мешавад.  Аҳурамаздо дар суҳбат бо Ҷамшед мегӯяд: «Эй Ҷамшеди Ҳурчеҳра ва Хубрама. Зимистони тӯлонӣ ва сард меояд ва тамоми олами ҳастӣ дар хатари аз байнравӣ мемонад. Бинобар ин, ту аз ҳар як ҷонвар як ҷуфтӣ бигир ва варҳо (ғор, макони зист дар кӯҳ) сохта, онҳоро ҷой кун, то аз хатари нобудшавӣ эмин монанд ва ҳаёт дар замин идома ёбад». Бубинед, ин қисса дар адабиёти насронӣ ва исломӣ ба номи Тӯфони Нӯҳ ёд мешавад. Ин афсона аст. Аммо дар илми геологияи олимон аз яхбандиҳои бузург ёдовар мешаванд. Дунё чор яхабандиро аз сар гузаронидааст. Яъне, поён ҳама зери барфу ях мемонад ва ягона ҷое, ки ҷонварон метавонанд, паноҳ баранд вар- ғорҳост. Топонимияи имрӯзаи Бадахшон ба ин мусоидат мекунад. Аз ин метавон хулоса кард, ки афсонаи Ҷамшед дар ҳамин кӯҳистон таваллуд шудааст. Калимаи Вар ҳам то имрӯз дар Бадахшон васеъ истифода мешавад. Дар Ишкошим деҳае ҳаст бо номи Варанг. Соли гузашта дар ин деҳа таҳқиқот гузаронидем. Дар ин ҷо ҳам бурҷи оташ ҳаст, ҳам дар кӯҳҳо мо 200 варро пайдо кардем. Соли 2004 бошад, дар қисмати шимолии Афғонистон дар кӯҳҳои Ҳиндукуш ба варҳои зиёд вохӯрдам. Аз ин метавон хулоса кард, ки ин афсона нест ва ҳақиқат дорад. Олимон низ имрӯз ба хулоса расидаанд, ки дар он давра сохатни киштие бузурге чун киштии Нӯҳ имконият надошт, аммо сохтани варҳо ба ҳақиқат ва шароити он замон созгор аст.

-Яъне, дар яке аз яхбандиҳо Ҷамшед боиси зинда мондани махлуқот ва идомаи ҳаёти мавҷудот шудааст?

-Эҳтимол. Ҷамшед асосгузори аввалин давлати ориёӣ аст. Дар «Авасто» омадааст. Зардушт ба Аҳурамаздо суол медиҳад, ки ту — офарандаи замину осомон аввалин маротиба ба кӣ фармуда будӣ, ки дини туро дар ҷаҳон густариш диҳад? Аҳурамаздо мегӯяд ба Ҷамшед, аммо ӯ рад кард, ки аз уҳдаи дин намебарояд. Бинобар ин, ман ба ӯ идоракунии давлатро додам. Дар баробар ин, ду чиз,  якум чӯби аштро – яъне чӯби идоракунии давлат, дувум сув – муҳрро. Яъне, оғози давлатдорӣ дар дунё аз Ҷамшед оғоз мешавад.

-Олимон ин методи шумо – яъне истифодаи афсонаро чун сарчашма чӣ гуна қабул мекунанд?

-Бубинед, ман афсона наменависам. Баръакс афсонаҳоро бо манбаъҳо сарчашмаҳо ва бозёфтҳои таърихӣ муқоиса мекунам. Агар ҳақиқате пайдо шуд, онро исбот менамоям. Ин шеваи таҳқиқот, ки дар мо комилан нав аст, аввал ба бархӯрдҳо рӯ ба рӯ шуд. Ҳамкасбонам ба корҳои ман беэътиноӣ карданд, аммо вақте исбот кардам ҳоло қабул доранд. Ҳатто олимони хориҷӣ корҳои маро писандиданд. Зеро ман ҳам сарчашмаҳоро хуб медонам ва ҳам тӯли ин ҳама солҳо беҳуда замин накофтаам… Ҳоло низ дар мавриди Сулоли Пешдодиён, ки солҳои зиёде мавод ҷамъ мекунам, китобе навишта истодаам.

-Дар китоби шумо – «Давлати Каёниён», як қисмати калон дар бораи Зардушт ва Оини зардуштист. Дар замони муосир баҳсу мунозира доир ба Зардушт зиёд аст. Бинобар ин, мехостам донам, ки аз нигоҳи шумо оини зардуштӣ ба сарнавишти мардуми ориёӣ чӣ таъсире гузошт?

-Оини зардуштӣ на танҳо ба сарнавишти ориёиҳо, балки тамоми башарият таъсир гузошт.  Аввал, ӯ якумин пайғамбаре аст, ки ҷомеаи пароканда, ки ахлоқи ҳайвонӣ дошт, ба чорчӯбаи ахлоқи инсонӣ дароварад. Дуюм, Зардушт ба бисёрхудоӣ барҳам дод. Вақте ӯ ба дарбори Гуштосп омад, гуфт, ки Худо як аст, ту низ бояд як шоҳ бошӣ. Яъне, ҷомеаро ба низоми давлатдорӣ одат кунонид. Оини Зардуштӣ бори авваал биҳишту дӯзах, пули сирот, фариштагон, тақвими солӣ, манкар накир ва монанди инро, ки аввал ба Тавроту Инҷил ва баъдан ба Қуръон ворид шуданд, ёдовар шуд. Инро, албатта, исломиёни мо рад мекунанд, аммо… Зимни омӯзиши китобҳои динӣ метавон хулоса кард, ки ҳам Инҷил ҳам Таврот ва ҳам Қуръон нусхбардорӣ  аз «Авесто»  карданд. Дигар, дини Зардушт, дини озодӣ аст.  Куруши Кабир аввалин Эъломияи ҳуқуқи башарро дар асоси гуфтаҳои Зардушт сохтааст. Ислом вақте ворид шуд, як дини қавмӣ, дини биёбонӣ буд, ориёиҳо онро дар асоси  дини зардуштӣ ба чорчӯба дароварданд.

-Бозёфти бисёр муҳими шумо, ки боиси сар задании баҳсу мунозираҳои зиёде шуд, кашфи шаҳре бо номи Карон дар Дарвоз аст. Як сухани шумо, ки гӯё гуфтаед, ки бархостгоҳи Зардушт ва оини зардуштӣ маҳз Карон аст, сару садои зиёдеро ба бор овард…

-Ин андешаро ман гуфтаам. Ба кадом хотир гуфтаам?  Вақте ман таърихи Каёниёнро менавиштам, ки замони рушди дини Зардуштист, ба маъхазҳои зиёде кор кардам. Дар ҳама сарчашмаҳо аз омадани Зардушт ба дарбори Гуштосп ёдоварӣ мешавад, аммо ягон муҳаққиқ суол нагузоштааст, ки Зардушт аз куҷо ба дарбори Гуштосп омад. Ин суоле буд, ки диққати маро ҷалб кард ва бояд ҷавоб меҷустам. Муҳаққиқи китоби «Авесто» Соколов менависад, ки забони модарии Зардушт гӯйиши Бохтари шарқӣ будааст. Бохтари Шарқӣ ин Бадахшону Дарвоз аст. Модари  Зардушт аз Роғ буд. Роғ дар Афғонистон як вулусволӣ аст. Ҳамчунин, дар қисмати Бадахшони Афғонистон деҳае ҳаст, бо номи Дуроҷ. Дар «Вандидод» Дуроҷ деҳаи падари Зардушт унвон мешавад. Роғ ва Дуроҷ паҳлуи ҳам ҳастанд. Дар Авесто мегӯянд, ки аввалин ваҳйи дини Зардушт дар Роғ омадааст ва баъдан ба Эронвиҷ меояд. Ман соли 2004, бо вуҷуди ки сарвари давлатамон рухсат надода буданд, зеро дар Афғонистон ҷанг аст, ба Роғ сафар кардам. Зимни кофтуков қабристонҳои асри биринҷро пайдо кардам. Ба Дуроҷ ҳам рафтам. Зимни таҳқиқот ва омӯзиши сарчашмаҳо метавон хулоса кард, ки Зардушт аз ҳамин ҷост. Ин гуна далели мӯътамадро касе наовардаст. Агар касе далели мӯътамадтаре биёварад, ман қабул мекунам. Чаро ин андешаро қабул накарданд?  Сабаб он аст, ки то имрӯз ба мо мегуфтанд, ки кӯҳистон таърих надорад.

-Устод, агар Роғу Дуроҷ дар қисмати имрӯзаи Афғонистон аст, ба Карон, ки Тоҷикистон  аст, чӣ ҳамабастагӣ дорад?

-Албатта дорад. Якум ҳамзамон буданд, дувум дар як минтақа ҷойгиранд. Табиист, ки Карон маркази фарҳангу тамаддун буд. Бурҷи оташ, Маъбади об, Расадхона, ки мо кашф кардем, далели он аст. Ҳамчунин дар Карон Маркази ситорашиносӣ, майдони чавгонбозӣ ёфт шуд, ки  дар Осиёи Миёна назир надорад.

-Чаро аз ин шаҳр ва аз ин тамаддун, яъне Карон то имрӯз ҳарфе набуд?

-Ман ҳам ба ақидае, ки кӯҳистон таърих надорад, розӣ шуда будам. Соли 2007 Президенти мамлакат ба Дарвоз сафар карданд ва маро низ ҳамроҳашон бурданд. Дар он ҷо пешниҳод шуд, ки як қалъа ҳасту ман омӯзам. Ман ҳам оғоз кардам. Аввал эътимод надоштам, ки чунин бозёфт мекунам. Дар ибтидо як қалъа буд, ки тахмин 100 гектар замин дорад. Мо дар мавриди таърихи Дарвоз танҳо аз замони Шоҳи Дарвоз хабар доштем. Аммо бозёфтҳо нишон доданд, ки ба шоҳи Дарвоз тааллуқ надорад, балки  ба давраи Каёниён мерасад. Карон ин кашфиёти асри ХХI дар таърихи тоҷикон аст. Академик Пиатроваский ҳам дар тақризе, ки навиштааст инро қайд кардааст. Мутаассифона, Карон маблағгузорӣ нашуда истодааст. Соли гузашта 15 ҳазор сомонӣ пайдо шуд, ки рафтем ва расадхонаро кашф кардем. Ягон ҷойи Карон то ҳол ҳоло пурра кофта нашудааст. Бинобар ин, мо каме мекобем ва мепӯшонем, то хароб нашавад.

-Дуруст аст, ки Амфитеатр ҳам кашф кардед?

-Бале, Амфитеатри калоне дорад.

-Шумо аз ҷудо нашудани маблағ гила кардед. Барои кашфи пурраи Карон чӣ қадар маблағ лозим аст?

-Ҳар сол 60 — 70 ҳазор сомонӣ лозим, ки мо мунтазам кор кунем. Ҳафриётҳои Карон метавонад 20 — 30 сол тӯл кашад. Аммо, мутаассифона, буҷаи давлатамон ба ин имконият намедиҳад ва ҳафриётҳо нотамом мемонанд.

-Ин гуна ҳафриётҳои нотамом дар мо зиёд аст.Худи шумо дар водии Зарафшон солҳои 70- 80-ум, ба ҳафриёти Наврӯзтеппа оғоз кардеду он нотамом монд ва ҳатто ҷойҳои кофтаатон нигаҳбонӣ нашуда, валангор шуд…

-Мутаассифона… Наврӯзтеппа, як силсила аст. Зимни кофтуков, маъбади оташ, заводи майбарорӣ ва чандин чизҳо пайдо кардем, аммо боз ҳам маблағгузорӣ нашуд. Дар мавриди хароб шудан бошад, ин иштибоҳи бузурги мост, ки ҷойҳои кофтаамонро нигоҳбонӣ карда наметавонем. Онро реставратсия намекунем. Масалан, Панҷакентро 70 сол боз мекобанду мепартоянд. Бинобар ин он вайрон мешавад. Ақаллан маҳкам ё хокрезӣ намекунад, ки нигоҳ дошта шавад. Панҷакент метавонист макони туристии ҷаҳонӣ шавад, аммо…

-Археология соҳаи муҳим ва мураккаб аст. Оё ҷавонон ба ин соҳа рағбат доранд? 

-Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мутахассисони мо русҳо буданд. Тоҷикҳо намеоянд, зеро кори душвор аст. Ҳозир аз донишгоҳ ҷавонҳоро даъват кардаем, аммо маоши мо ниҳоят кам аст. Ҷавон бояд ба тарзи муосир зиндагӣ кунад, хӯурад, нӯшад, истироҳат равад, зан гирад, аммо маош 500 — 600 сомонӣ. Аз ин беҳтараш,  аробакашӣ мекунад. Масалан, ман тамоми унвонҳои илмиро дорам, аммо маошам 1200 сомонӣ аст. Бинобар ин ҷавонҳо баъди ҳимоя дигар кор намекунанд.  Аз хориҷа шогирдҳо  дорам аз тоҷикҳо камтар. Зеро илм қурбонӣ металабад. Ба илм ҳама намеояд, балки фидокорон меянд. Онҳое меоянд, ки на зан мегӯянд, на хона, на маошу пул…

-Чандин сол пеш шумо пешниҳод карда будед, ки Институти археологияро аз таърих ҷудо кунед. Чаро?

-Дуруст,  ман як лоиҳа тайёр кардам. Ба Сарвари давлат ҳам гуфтам, он кас қабул карданд, аммо вақте ба Раёсати Академияи илмҳо пешниҳод кардам, маро гунаҳкор карданд, ки ғаразнок ин корро мекунам. Модом ки дар тамоми ҷумҳуриҳо Институти археология ҷудо аст, ман пешниҳод карда будам, ки Институи археология ва этнографияро ҷудо кунем. Ҳамин бино барои мо кифоя аст ва барои аввал штатҳоямон ҳам мерасад. Аммо рад карданд. Ман ҳоло ҳам аз идеяам даст накашидаам, бояд институтҳо ҷудо бошанд.

-Шумо тамоми умратон дар ҳафриёт будеду ба гуфти худатон замин кофтед. Аз ҳама чизи арзишманде, ки пайдо кардед чӣ буд?

-Чиро дар назар доред? Тиллову нуқра?

-Муҳим нест, муҳим ки кушоиши бузурги илмӣ бошад…

-Дар болоби Зарафшон ду деҳаро кофтам, ин деҳаҳо ба асри 8- 5-и пеш аз милод тааллуқ доранд ва ба пуррагӣ боқӣ мондааст.  Сохтори деҳаро аз рӯзи аввалин хона то деҳаи бузург, пайдо кардам ва ҳатто иқтисоди хонаводаро ҳисоб кардам. Ин деҳаи суғдӣ буд, ки мавзӯи рисолаи доктории ман  қарор гирифт. Ин бозёфти арзишманде буд. Умуман, ман то имрӯз 130 ёдгорӣ кашф кардаам.

-Устод солҳои охир кашфиётҳои шумо, махсусан муайян кардани синну соли онҳо аз ҷониби шумо мавриди баҳс қарор мегирад. 2700 солагии Кӯлоб, 3000 — солагии Ҳисор, 4000 — солагии Карон…

-Ман мутахассис ҳастам. Он чизе, ки ман мефаҳмам, дигарон намефаҳманд, барои ҳамин. Вақте ман Кӯлобро 3500 — сола гуфтам, академикҳои мо шӯр бардоштанд.  Ман гуфтам, ки шумо мутахассис нестед, чаро баҳс мекунед? Аммо онҳо ду пой дар як мӯза Кӯлоб аз куҷо таърих дорад, мегуфтанд. Бинобар ин, ба 2700 — солагии он розӣ шуданд. Ба ман  кам вақт ҷудо карданд, аммо бозёфтҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки Кӯлоб ҳатто аз 3500 сол ҳам зиёд таърих дорад. Имрӯз худашон шоҳид шуданд, диданд, ки Яъқубов дурӯғ намегӯяд. Бинобар ин беҳтар мебуд, ки ҳамеша ба мутахассис такя кунем.

-Вақте кофтуков фақат кӯзаву зарфу сафол меёбеду намунаи хат ва рассомӣ не, чаро?

-Ин чизҳо аслан боқӣ намемонад. Солҳои 80-ум ман дар Кӯлоб як девори расмдор ёфтам. Онро печонида, ба ихтиёри як мард гузоштему гуфтем, ки нигаҳбонӣ кунад. Ҷангҳо сар шуд. Баъдан, он мард он деворро канда, барои писараш ҳуҷра сохтааст. Модом, ки он сурат аз давраи Кӯшониён боқӣ монда буд.

 -Соли равон шумо 80 — сола мешавед. Эҳтимол бо гузашти синну сол ҳавсала ҳам пир шавад. Таъсири синну сол ба шумо чӣ гуна аст? Оё бо ҳамон шӯру шавқи солҳои пеш кор мекунед?

-Соли гузашта ман 18 кори илмӣ навиштаам. Ин миқдор корро ман дар ҷавониам наменавиштам. Гарчанде  синну солам рафтааст, шукр фикру бинишу фаҳмишам дар ҷояш аст. Хоҳиши кор кардан, навиштан, кофтуков кардан ҳанӯз дар дилам ҳаст. Ҳар лаҳза мехоҳам, ки маблағ ҷудо шаваду худамро ба хок занам…

-Чӣ шуморо оромиш мебахшад?

-Он чизе, ки хостам ба даст овардам. Гарчанде ба осонӣ не, паси ҳар кори ман заҳмати зиёде аст.

-Болотар гуфтед, ки  археолог, бояд фидоӣ бошад, зану зиндагиву хонаву дар нагӯяд. Зиндагии шахсии шумо чӣ гуна ҷараён дорад?

-Бо марҳамати Илоҳӣ, ман оиладорам. Оилаам инсони хуб аст ва бо вуҷуди он ки ман бештари умрамро дар кӯҳҳо гузаронидам,  ӯ фарзандонамон – се писару як духтаррро нағз тарбия кард, ки ҳама соҳиби маълумот ва касбу кори худашон ҳастанд.

-Айни ҳол чӣ мехоҳед?

-Дар экспедитсия бошаму кофтуков кунам. Ҳамаи касбҳо хокро аз худ пуф мекунад, аммо мо хокро оғӯш мекунем.

-Шумо пайванди инсон бо хокро эҳсос мекунед?

-Бале.

— Боре дурӯғ навиштаед, ба  хотири манфиате?

— Не, ман ба таърих хиёнат накардаам. Чизе,  ки навиштам дар асоси бозётфтам аст.

-Масалан, агар мансабдоре, пешниҳод кунад, ки бар ивази як миқдори муайяни маблағ фалон ҷойро ин қадар сол нишон деҳ…

-Ин хел бисёр аст, ҳама инро талаб мекунад. Аммо ман мувофиқи далели илмӣ кор мекунам.

-Рӯзе, ки шуморо академик эълон карданд, чӣ ҳис кардед?

-Ҳеҷ чиз. Зеро ман ин унвонро 20 сол пеш интизор будам. Зеро 20 сол пеш ман як кори илмии бунёдӣ бо номи «Дини суғдҳо» навишта будам, ки ба забонҳои бисёр тарҷума шуд. Аммо монеъи академик шудани манн шуданд. Баъдан, дар масъалаи этногинез кор кардам, монография навиштам, боз нагузоштанд. 2700 — солагии Кӯлобро кашф кардам ва 5-6 китобро бо забони тоҷикиву русӣ навиштам,  боз нашуд. Зеро ман бо роҳбарияти институт мухолифат доштам, ки онро ҳама медонанд.

-Воқеан ҳама аз муносибати сарди шумо бо роҳбарияти собиқи институтатон огоҳанд. Чаро ҷойи дигар ба кор нагузаштед?

-Зеро ҳафриёт танҳо дар институт ҳаст, бинобар ин тоқат кардам. Албатта, хело душвор буд, ман рости гап,  шабҳо хоб намерафтам. Ихтилофи мо ақидавӣ буд, шахсӣ не, аммо ба ман зиёд зарар расонид.

-Ранҷидаед?

-Бале, зеро зиёд азоб кашидам.

-Баъде, ки академик шудед, бахшидед?

-Ман пештар бахшида будам.

-Ташаккур барои суҳбат.

Мусоҳиб Одили Нозир,

«Тоҷикистон»

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *