Юлдуз Усмонова ба Душанбе меояд

Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора  продюсери консерт Марҳабо Азизӣ хабар додааст.

Хабар дода мешавад, ки сарояндаи шинохтаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова  24 ва 25 май дар «Амфитеатр»-и шаҳри Душанбе барномаи нави консертии худро, ки «Бозгашти ошно» ном дорад, пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахти кишвари мо мегардонад. «Ориёнбонк» сарпарасти кули сафари ҳунарии Юлдуз Усмонова ба Тоҷикистон мебошад.

Масъалаи баргузории консертҳои Юлдуз Усмонова зимни ин сафари ҳунарии ӯ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Турсунзода низ баррасӣ мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки соли 2009 Юлдуз Усмонова ба Душанбе омада, ҳамроҳ бо сарояндаи маъруфи эстрадаи тоҷик Далер Назаров барномаи якҷояи консертиро пешниҳоди мухлисонашон гардонида буданд.

 Юлдуз Усмонова 12 декабри соли 1963 дар шаҳри Марғелони вилояти Фарғона Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Ӯ ҳам сароянда, ҳам оҳангсоз, ҳам продюсер мебошад ва шеър ҳам менависад. Барномаи эҷодии ӯ беш аз 600 сурудро ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ(форсӣ), туркӣ, қазоқӣ, русӣ, ӯйғурӣ ва ғайра дарбар гирифта, дар зиёда аз 100 пластинка, CD DVD- дискҳо фароҳам омадаанд. Маҷмуаҳои суруду таронаҳояш ба ҷуз Ӯзбекистон дар ИМА, Германия, Англия, Туркия ва Голландия чоп шудаанд. Ӯ Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *