Юлдуз Усмонова барои нақзи ҳуқуқи муаллифӣ ҷуброн мепардозад

Хабар дода мешавад, ки сарояндаи машҳури Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова бояд ба муаллифи шеъри «Xasta bo‘lma» барои нақзи ҳуқуқи муаллиф 185 миллион сӯм пардохт намояд.

Гуфта мешавад, ки ки муаллифи шеър Юлчӣ Рӯзиев мебошад. Ӯ шеърро 16-уми апрели соли 2016 навиштааст. Баъдтар онро сароянда Юлдуз Усмонова иҷро мекунад.

Шоир бо ариза оид ба нақзи ҳуқуқи муаллиф, ҷуброни зарар ва зарари маънавӣ ба Додгоҳи байниноҳиявии шаҳрвандии Мирзо Улуғбек муроҷиат мекунад. 29-уми октябри соли гузашта мурофиаи кушода сурат мегирад. Бо ҳалномаи суди марҳилаи якум даъво қисман қонеъ карда ва ҷавобгар уҳдадор мешавад, ки маблағи умумии 185 миллион сӯмро пардохт кунад.

Баъдан, бо ҳалномаи суди марҳилаи кассатсионӣ аз 18-уми январи соли 2022 шикояти судшаванда Юлдуз Усмонова рад карда шуда, ҳалномаи суди марҳилаи якум бетағйир боқӣ мондааст.

Оҷонсии моликияти зеҳнӣ хабар додааст, ки қарори додгоҳи марҳилаи аввал эътибори қонунӣ пайдо кардааст ва акнун овозхон бояд маблағи эълоншударо пардохт намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *