Юлдуз Усмонова: Тоҷикон ҳамсоя не, балки ҳамватани мананд!
Биё ҷонам, биё, биё,
Ай беҳтаринам биё, биё.
Азобат кушт мана ҷонам,
Эй нури чашмам биё, биё…
Ин суруди тоҷикӣ солҳои пеш аз забони сарояндаи машҳури Ӯзбекистон, ситораи поп, примадоннаи эстрадаи Шарқ, Юлдуз Усмонова садо дода, зуд ба қалби шунаванда роҳ ёфт. Санъат забону сарҳад надорад, мегӯянд, ки ҳақ асту рост.
Пеш аз иҷро намудани сурудҳои тоҷикӣ сурудҳои ӯзбекиаш дар дили шунавандаи тоҷик лона гузоштаву Юлдуз Усмонова ситораи шинохташудаи санъат дар Тоҷикистон низ буд. Фитаҳои ӯ бо теъдоди зиёд дар Тоҷикистон фурӯхта шудаву ҳамасола консертҳояш баргузор мешуданд. Барои эҳтироми мухлисони тоҷикаш ӯ сурудҳои зиёди тоҷикӣ офарид, аммо 8 сол боз (ба гуфти худаш гӯё 80 сол) дарҳоро ба рӯяш баста, нагузоштанд ба Тоҷикистон ояд ва бо мухлисонаш рӯ ба рӯ шавад. Юлдуз аз ин ҷигархун буду мухлисони тоҷикаш ҳам ва ҳамон суруди «Биё ҷонам, биё, биё» бозгӯкунандаи ҳолати руҳии ҳар ду… Ва ҳамон замоне, ки марзҳо кушодаву муносибатҳои давлатҳо ба эътидол омад, ӯ гӯё парвозкунон ба Тоҷикистон омад…
Суҳбати мо бо Юлдуз Усмонова ба ҳамин муҳтаво оғоз ёфт. Албатта фурсат танг буду суҳбат кӯтоҳ, аммо пурбору деринтизор ва инак, армуғони мову Юлдуз ба хонанда…
-Медонед, 8 сол наомадани ман ба Тоҷикистон бо айби ман набуд. Ин як давраи вазнине буд, ки бо сабабҳои гуногун рух дод. Аз дастам коре намеомад, аммо ман ҳамеша хаёлан бо мухлисони тоҷикам будам, ба онҳо салом мефиристодам. Чандин суруди тоҷикӣ эҷод кардам, зеро ман тоҷиконро дӯст медорам ва ҳеҷ гоҳ онҳоро бегона напиндоштаам. Тоҷикон барои ман бегона, не балки ҳамватан буданд ва ҳастанд. Вақте муносибатҳо хуб шуданд, ман гӯё назди шумо парвоз кардам, бо як эҳсоси гуворо ва фараҳбахш омадам.
-Консертатон дар Тоҷикистон, ба гумонам бисёр хуб гузашт, аммо шумо дар саҳнаҳои бузурги ҷаҳон ҳунарнамоӣ кардаву талаботи бештар ва интизории беҳтаре доред. Аз муносибати мухлисон, аз консерти Тоҷикистон розиед?
-Дар масъалаи гузаронидани консерт ман принсипи худро дорам ва аз имкониятҳо сӯистифода намекунам. Масалан, метавон, ки чор суруди нав навишту бо сурудҳои куҳна ҳар моҳ як консерт дод, аммо ман ин корро намекунам. Ман соле як маротиба консерт мегузаронам, зеро ин ҳисоботи ман ҳамчун ҳунарманд дар назди тамошобин аст. Дуруст аст, ки ман ҳеҷ гоҳ бекор нестам ва дар чорабиниҳои гуногун ширкат меварзам, зеро ин нони ман аст, аммо барои гузаронидани консерт бояд омода шуд. Дар масъалаи Тоҷикистон ва мухлисони тоҷик, бояд гӯям, ки тамошобини тоҷик барои ман бегона нест. Дар замони Шӯравӣ ва баъди истиқлолият ҳам ман консерти ҳисоботиамро ҳам дар Тошканд ва ҳам дар Душанбе медодам. Ҳеҷ гоҳ байни тамошобини ӯзбек ва тоҷик фарқ нагузоштаам. Тоҷикон ин мухлисони ман, халқи ман ҳастанд. Ин паузае, ки буд, баръакс муҳаббати моро бештару пурқувваттар кард. Бовар дорам, ки садои қалбамро онҳо эҳсос карданд.
-Юлдуз-хонум бубинед, чанд рӯз пеш дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон баргузор гардид, пеш аз ин намоишномаи молҳои истеҳсолии Ӯзбекистон дар кишвари мо шуда гузашт. Шумо ҳунарманд ҳастеду мунодии сулҳу дӯстӣ. Ба ояндаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ назар доред?
-Мусбат. Ман эътимод дорам, ки ҳама дарвозаҳо кушода мешаванд ва мо боз ҳам наздиктар мешавем. Ҳамсоягии тоҷику ӯзбек қарнҳост идома дорад ва мо фарҳанги қариб якхела дорем. Моро ҷудо кардан имкон надорад. Мисле, ки гӯштро аз нохун канда намешавад.
-Духтаратон Нилуфар Усмонова ба пайроҳаи шумо баромадааст. Сурудҳои ӯ ҳам машҳур шудаву аллакай дар Тоҷикистон мухлисони зиёде дорад. Оё ӯ нақшаи дар Тоҷикистон додани консерти калонро дорад?
-Нилуфар ҳам оҳиста-оҳиста дар шоҳроҳи санъат қадам мезанад. Ӯ ба наздикӣ фарзанди чорумашро таваллуд кард. Духтарча. Думоҳа шуд, мошоолоҳ. Аммо аллакай сари кор аст, эҷод мекунад ва Худо хоҳад, ба наздикӣ консерт ҳам медиҳад. Ӯ дар шоҳроҳи санъат собитқадам аст ва иншооллоҳ муваффақ мешавад. Аллакай мухлисони худро ҳам дар Ӯзбекистон ва аз оне, ки мушоҳида кардам, ҳам дар Тоҷикистон пайдо кардааст. Ман бо вуҷуди модар буданам, мунаққиди сахтгирам. Ҳамеша ӯро насиҳату роҳбаладӣ мекунам, аммо нагузоштам, ки то ҳол консерти калон диҳад, зеро чӣ тавре гуфтам, консерт ин қадами ҷиддӣ аст. Бо ду -се сурудро тариқи фонограмма хондан намешавад. Барои назди мардум баромадану консерт додан, бояд аввал руҳан омода буд.
-Айни ҳол Нилуфар барои консерт додан омода аст?
-Бале, духтари заҳматкаш аст ва мебинам, ки аллакай омода шудааст.
-Юлдуз Ибрагимовна, шумо чанд муддат дар «Рӯйхати сиёҳ» будед. Яъне, чанд муддат дар Ӯзбекистон пеши роҳи шуморо гирифтанд, телевизиону радио сурудҳои шуморо пахш намекард. Вақтҳои охир бо дастури президенти нав –Шавкат Мирзиёев ин рӯйхат аз байн бурда шуд. Муносибат айни замон бо шумо чӣ гуна аст?
-Шукр, ки дигар барои пешбурди кори мо монеа вуҷуд надорад. Барои ин касеро гунаҳгор кардан аз рӯйи инсоф намебуд. Ин айби муҳит аст, ки мо дастовардҳои якдигарро тоқат карда наметавонем ва якдигарро туҳмату буҳтон мезанем. Шумо дар бораи гирифтани пеши роҳи ман гуфтед, аммо ин монеаҳо пеши роҳи маро набаст, балки дарвозаҳои навро ба рӯйи ман кушод. Ваъдаи Худованд аст, ки агар як дар ба рӯйи шумо баста шуд, чанд дари дигарро ба рӯятон боз мекунад.
-Дар замони дар «Рӯйхати сиёҳ» буданатон, шумо ба чӣ кор машғул будед?
— Медонед, ман танҳо истеъмолгар нестам, то мунтазир шуда шинам, ки кай композитор ягон чиз нависаду ман онро хонам ё телевизион ҷеғ занаду назди халқ бароям. Ман кор мекунам. Худам суруд менависам, гоҳе ҳатто матн эҷод мекунам, оҳанг мебандам, месароям. Дар давраҳои бароям ниҳоят мушкил ман дар Туркия, Амрико ва чанд кишвари дигар консерт додам. Дар он давра теъдоди мухлисони ман бештар шуд.
-Шумо то ҳол чанд суруди тоҷикӣ эҷод кардаед?
-Ман ду –дуюним албоми тоҷикӣ дорам, аммо бовар кунед, барои шунавандаи ман муҳим нест, ки ман бо кадом забон мехонам. Шунавандаи ман эҳсоси қалби маро гӯш мекунад.
-Матни сурудҳои тоҷикиатонро чӣ хел интихоб мекунед. Магар забони тоҷикиро медонед?
-Ман наметавонам гӯям, ки забони тоҷикиро пурра медонам, аммо ба қадри имкон мефаҳмам. Ман матнро мегирам, тарҷумаи таҳтуллафзӣ мекунам ё муҳтавояшро аз донандагони забон мепурсам. То замоне, ки эҳсоси шоир, мақсади шоирро дарк накунам, онро намехонам. Ман забони тоҷикиро дӯст медорам, зеро забони тоҷикӣ хеле мулоим, шево ва зебо аст, мисли фаронсавӣ малеҳ.
-Юлдуз-хонум, шумо солҳо рӯйи саҳнаед, аммо то он ҷое медонем, шогирд тайёр намекунед. Сабаб чист?
-Медонед, шогирдони имрӯза омӯхтан намехоҳанд, меоянду мегӯянд «як дуо диҳед, ман ба саҳна бароям.» Барои онҳо омӯхтан муҳим нест. Бовар кунед, миёни ҷавонони имрӯза оне, ки бо орзуву нияти нек пой ба саҳна гузорад, хеле кам аст. Ҳунарманди имрӯза фақат мехоҳад, ки аз шумо зӯр бошаду шуморо нобуд кунад. Онҳо намефаҳманд, ки ҳунарманд ин пул байни сиёсат ва қалби инсонҳо аст. Артист бояд ба дарди инсонҳо марҳам шавад. Устодам Тамарахонум Раҳимова маро сарзанишҳои зиёд мекард. Ман гиря мекардам, фикр мекардам, ки ӯ маро таҳқир мекунад, аммо бо вуҷуди ин, аз пасаш мерафтам. Ва хушбахтам. Ҳунарманд бе эҳсоси ботинӣ ҳунарманд нест. Ҳунарманде, ки мусиқиро бо қалбаш эҳсос карда, онро ба қалби дигарон расонда наметавонад, ҳунарманде, ки ба дарди мардум марҳам намешавад, ҳунарманд нест. Ман ҳунармандам, зеро халқ аз сурудҳои ман ба дарди ботиниаш шифо меёбад. Ӯ намеояд, ки маро тамошо кунад, ӯ меояд, ки маро гӯш кунад. Инро ман эҳсос мекунам ва ин бароям аз ҳама муҳим аст.
-Соли 1990 шумо дар филми «Зани муъҷизавӣ» нақш офаридед, аммо тамошобини кино шуморо дигар дар экран надид. Сабаб чист?
-Ман бо кино ҳамкории зиёд дорам. Сурудҳои зиёди маро дар филмҳо истифода мебаранд. Худам ҳам як маротиба худро чун актриса санҷида, дар филми «Зани муъҷизавӣ» нақш офаридам. Дар вақти банаворгирӣ ман аз бозидани саҳнаи ҳаммом даст кашидам. Режиссёр як нафари дигареро пайдо кард, ки нақши дар ҳаммом бударо ба ҷойи ман бозӣ кунад. Вақте филм ба экран баромад, ҳамон саҳнаи ҳамом мисле, ки ман бозӣ карда бошам, пешкаш шуд. Яъне, дар кино ҳар чизе, ки режиссёр мехоҳад, аз он як қадам берун пой гузоштан имкон надорад. Баъди ин ман қавл додам, ки дигар бозичаи дасти ягон режиссёр намешавам.
-Шумо хело ҳунарманди серталаб ва серкоред. Юлдуз дар хона чӣ гуна аст? Ё дақиқтар, саҳна ва хонаро чӣ гуна омезиш медиҳед?
— Ман соҳибхоназани хубам, ҳамсару модарам. Бо вуҷуди серкорӣ дар ресторан ё берун хӯрок хӯрда наметавонам, гарчанде маҷбурам, аммо аслан дӯст намедорам. Дар ошхона буданро дӯст медорам ва ба ошхонаам ҳам касеро роҳ намедиҳам. Он қадаре, ки ба дегам рашк мекунам, ба шавҳарам рашк намекунам, зеро дег ин чизи муқаддас аст ва бе бисмиллоҳ кушода намешавад. Ман як мисол меорам. Мо ба камбағалон диламон месӯзад, аммо мушоҳида кардаед, косае ки камбағал хӯрок мехӯрад, хело калон аст ва камбағал аст, ки нонро мепартояд. Дар хонаи ман, агар касе нонро партояд, аз пушташ худаш ба партов меравад, зеро ман аз кӯдакӣ чунин тарбият гирифтаам, ки нон муқаддас аст. Мо аслан барои нон кор мекунем, вале аввалин чизе, ки нисбаташ беэҳтиромӣ нишон медиҳем, ин нон аст. Калимаи «убол» дар хонаи ман қадр дорад.
-Фурсат ёфта бо шавҳару фарзандон сари миз нишаста, суҳбат мекунед ё хеле кам чунин имконият даст медиҳад?
-Албатта кӯшиш мекунам, ки миёни ин ҳама кор ба шавҳару хонавода ҳам диққат диҳам. Медонед, шавҳари ман ҳамеша ҳамроҳам аст, аммо гӯё ҳамеша бо ман нест, зеро ӯ зиёд кор мекунад.
-Аз мусиқии тоҷик огоҳӣ доред?
— Албатта. Ҳунармандони шумо ҳам вақтҳои охир бештар ба мусиқии Эрону Афғонистон тақлид мекунанд, ҳол он ки мусиқии худи шумо хело бой аст…
Ҳамин тавр кӯтоҳ буд суҳбати мо бо Юлдуз. Ҳангоми суҳбат ман дар чашмони ӯ муҳаббати бекаронаш ба Тоҷикистон ва халқи тоҷикро мушоҳида мекардам…
Юлдуз–яъне Ситора. Шояд падару модараш вақте ин номро ба ӯ гузоштанд, намедонистанд, ки қаламкаши тақдир тақдири ситораро дар зиндагӣ насибаш мегардонад, яъне ҳамеша фурӯзон ва нурафшон.
Юлдуз –Ситора имрӯз на танҳо ҳамчун ситораи санъат медурахшад, балки роҳи дӯстии ду халқ- тоҷику ӯзбек ва ду давлат Тоҷикистону Ӯзбекистонро нур мепошад…
Одили Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ