Юлдуз Усмонова ва Шаҳзода ба пахтачинӣ рафтанд

Беш аз 100 ситораи эстрада ва синамои Узбекистон ва мухлисони онҳо дар рӯзҳои истироҳат ба пахтачинӣ рафтаанд. Дар байни ин пахтачинҳо ситораҳое, чун Юлдуз Усмонова, Шаҳзода, Райҳон, Мавлуда Асалхӯҷаева буданд.

Рӯзҳои истироҳат як гурӯҳи бузурги ситораҳои эстрада ва синамои Узбекистон барои пахтачинӣ ба ноҳияи Бектемири вилояти Тошканд рафтаанд. Дар маҷмӯъ дар ин маъракаи таблиғи пахтачинӣ беш аз 100 нафар, бо шумули ситораҳо ва мухлисони онҳо ширкат кардаанд.

Бино ба гузориши сомонаи «Подробно.Уз”, дар байни пахтачинҳо ситораҳоеро, чун Юлдуз Усмонова, Шаҳзода, Алиҷон Исоқов, Улуғбек Холиқов, Маҳмуд Намозов, Райҳон, Мавлуда Асалхӯҷаева, Зиёда, Алишер Файз, Ғиёс Бойтоев ва даҳҳо тани дигар аз чеҳраҳои шинохта дар арсаи ҳунари Узбекистонро дидан мумкин буд.

Узбекистон, ки барои истифодаи нирӯи кори маҷбурӣ дар мавсими пахтачинӣ мавриди танқиди пайвастаи созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ қарор дорад, дар ин авохир барои беҳтар кардани имиҷаш аз чунин маъракаҳои таблиғотӣ истифода мебарад. Қаблан чунин маъракаҳои пахтачинӣ бо ширкати қаҳрамонҳои олимпӣ ва дастаҳои футбол низ доир гардида буд.

Узбекистон бузургтарин кишвари пахтакор дар Осиёи Марказӣ шумурда мешавад. Дар солҳои Шӯравӣ Узбекистон то 6 миллион тонна пахта ҷамъ меовард. Ҳоло ҳосили солонаи пахта дар Узбекистон ҳудуди 3,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон чунин маъракаҳои таблиғи пахтачинӣ камтар ба назар мерасанд. Вале имсол идораи нашрияи «СССР” чунин маъракаеро ба роҳ монд ва аз ҷараёни пахтачинии хабарнигоронаш дар водии Вахш як силсила аксҳо низ нашр кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *