Юлия Самойлова намояндаи Русия дар “Eurovision-2017”
Русия овозхон Юлия Самойловаро барои намояндагии ин кишвар дар озмуни мусиқии “Eurovision-2017” интихоб кард. Ин озмун соли ҷорӣ дар Киев, пойтахти Украина баргузор мешавад ва сиёсатмадорон ва баъзе ҳунармандон дар Русия даъват карда буданд, ки Маскав имсол озмунро бойкот кунад. Рӯзи 12 март исми Самойлова ба ҳайси намояндаи расмии Русия дар ин озмун тавассути телевизиони давлатии Русия эълон шуд. Юлия Самойловаи 28-сола аз хурдӣ дар аробачаи маъюбӣ аст ва қарор аст дар озмуни мусиқии Аврупо бо оҳангаш “Оташи сӯзон” ба забони англисӣ ҳунарнамоӣ кунад. Бо вуҷуди талоши ташаббускорони озмун барои фирор аз мавзӯъҳои сиёсӣ, ин озмун ҳамеша таҳти таъсири таҳаввулоти сиёсӣ қарор мегирад. Соли гузашта овозхоне аз тоторҳои Қрим бо таронааш дар бораи тасмими ихроҷи дастаҷамъии ин мардум аз нимҷазираи Қрим дар замони Иосиф Сталин барандаи озмун шуд ва ҳақи баргузории ин озмуни мусиқӣ ба Киев гузашт. Даври натиҷавии озмун, ки онро маъмулан садҳо миллион тамошобин мебинад, рӯзи 13 май ба таври мустақим аз телевизионҳо намоиш дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ