ЮНЕСКО 9 ёдгории Тоҷикистонро қабул кард

9 ёдгории таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуд.

Ин ёдгориҳо Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Кум ва Қалъаи Ҳисорак мебошанд. Ёдгориҳои номбурда ба номинатсияи фаромиллии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» шомил ҳастанд.

Ба номинатсияи фаромиллии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» давлатҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон низ шомил буда, дар маҷмуъ 31 ёдгориро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин соли 2010 шаҳри бостонии Саразм ба Феҳристи асосии мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун объекти таърихӣ-фарҳангӣ ворид шуда буд.

Шаҳри қадимаи Саразм мансуб ба аҳди биринҷӣ буда, яке аз намунаҳои олии шаҳрсозӣ ва шаҳрдории тоҷикон ба шумор меравад. Он ҳудуди 100 гектарро дар бар мегирад.

Ҳамзамон соли 2013 ёдгории табиию фарҳангии Парки миллии Тоҷикистон ба феҳристи ҷаҳонӣ сабт шуда буд.

То ин муддат намунаи олии мероси фарҳангиву таърихии моддию ғайримоддии тоҷикон, аз ҷумла «Чакан», «Оши палов», «Шашмақом», «Рубоб», «Наврӯз», «Фалак», «Саразм» ва ғайра ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ ворид шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *