ЮНИСЕФ: Дар Тоҷикистон 6%-и кӯдакон беному нишонанд
ЮНИСЕФ хабар медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 6 дарсади кӯдакони то 5 сола гувоҳномаи таваллуд надоранд ва “беному нишон” ҳастанд. Ин омор дар як гузориши ин созмони ҷаҳонӣ омадааст.
Дар гузориши ЮНИСЕФ, ки вазъи 174 кишвари ҷаҳон таҳлил шудааст вазъи сабти кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба солҳои қаблӣ мусбат арзёбӣ шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар 3 моҳи аввали таваллуди кӯдакҳо сабтиноми онҳоро ройгон кардааст, ки инро ЮНИСЕФ таҷрибаи хуб арзёбӣ мекунад.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки шумори кӯдакони сабтиномшуда дар ҷаҳон хеле афзоиш ёфтааст, вале ҳанӯз 166 миллион нафар кӯдаки зери синни 5 гувоҳиномаи таваллуд надоранд.
«Бе ҳуҷҷат кӯдакон наметавонанд, ба боғча ва мактаб бираванд. Илова бар ин онҳо аз кӯмакҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ бархурдор намешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо онҳо қурбони фишору тазйиқ қарор мегиранд”, — изҳори нигаронӣ мешавад, дар гузориши фонди кӯдаконаи СММ.
Масъалаи сабти ном нашудани кӯдакони навзод дар кишвар баъди ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон пайдо шуда, ба як масъалаи доғ мубаддал шуд. Дар замони бесарусомонӣ волидайн фарзандони худро ба қайди давлатӣ намегузоштанд ва ҳатто буданд ҳолатҳое, ки кӯдак то синфи 5-6 дар мактаби миёна бидуни ягон ҳуҷҷат таҳсил мекард.
Солҳои охир бошад аксар кӯдакони деҳот беному нишон ҳастанд, зеро дар он ҷо то синни 7-солагӣ кӯдакон ба боғча намераванд ва гувоҳномаи таваллуд то синни мактабӣ талаб карда намешавад. Мақомоти тоҷик солҳои охир бо чунин волидон мубориза мебарад ва барои сабт накардани фарзандон ҷарима муйян кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ