Юнусӣ Тоҷикистонро тарк мекунад
Залмай Юнусӣ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, пас аз як соли маъмурияташ дар Душанбе аз сӯи мақомоти Кобул барканор шудааст.
Масъулони сафорати Афғонистон гуфтанд, барканории пеш аз муҳлати Юнусӣ ба муносибати ду кишвар рабт надорад.Юнусӣ дастури барканориашро тасдиқ кард ва гуфт, ин кор ду ҳафта қабл сурат гирифт. Вай гуфт, пас аз анҷоми моҳи Рамазон Тоҷикистонро тарк мекунад. Юнусӣ гуфт,ки фармони барканории ӯ аз тарафи президенти Афғонистон содир шудааст. Залмай Юнусӣ гуфт, тибқи дастури раёсати ҷумҳурии Афғонистон, Неъматуллоҳи Арғандобӣ ҷойгузини ӯ дар Душанбе муаррифӣ шудааст. Ӯ қаблан бо пешниҳоди Ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон ва Атомуҳаммади Нур ба мақоми сафорат дар Тоҷикистон расида буд. Аммо ба қавли Залмай Юнусӣ, дастгоҳи президенти Афғонистон бидуни мувофиқа бо Ҷамъияти исломӣ ва Атомуҳаммади Нур ӯро аз сафирӣ дар Душанбе озод карданд ва ҳизб низ аз барканории ӯ норозигӣ кардааст. Бо ин ҳама, Залмай Юнусӣ гуфт, то ҳол сабабҳои аслии барканориро барояш нагуфтаанд ва ҳам маълум нест, ки ӯро ба кадом вазифа мегузаронанд. Залмай Юнусӣ гуфт, давоми як соли кораш дар Душанбе «барои таҳкими равобити ду кишвари дӯсту ҳамсоя он чӣ дар тавон доштем, ба кор бурдем». Ин бори дуввум аст, ки Залмай Юнусӣ ба Кобул бозхонд мешавад. Қаблан моҳи декабри соли гузашта Юнусӣ як муддат дар Кобул буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ