Юнусов: IRS гунаҳгор аст, аммо барои интиқоли ҷасад пул гирифт

Давлат Юнусов – тоҷири тоҷик – дар пайи тармафароии рӯзҳои 28 ва 29 январ дар роҳи Душанбе – Хуҷанд ҷони худро аз даст дод. Наздиконаш гуфтанд, агар ӯ баъди раҳоии дафъаи аввал сафарро идома намедод, эҳтимол ҳоло зинда буд. Дар пайи тармафароии рӯзҳои охир дар роҳ ба самти шимол 10 нафар ҳалок шудаанд.

Ҳоло хонаводаҳое, ки наздикони худро аз даст доданд, намедонанд дар ин фоҷиа аз домани кӣ бигиранд: Вазорати нақлиёт ё ширкати Innovative Road Solutions (IRS) – масъули нигаҳбонии роҳи пулакии Душанбе — Хуҷанд? Дар чанд рӯзи ахир зоҳиран ангушти иттиҳом ба сӯи ширкати роҳсози чинӣ ҳам баланд шудааст, ки роҳро сохт, аммо дар масирҳои тармагузар монеа бунёд накард.

«Аз тақдир ҷои гурез нест»?

Давлат Юнусов, ки се моҳ қабл раиси маркази фурӯши маводи сӯхт дар вилояти Суғд таъин шуда буд, баъд сари худ зану шаш кӯдакашро танҳо гузошт. Вай рӯзи 28 январ барои дидор бо пайвандонаш аз вилояти Суғд ба пойтахти Тоҷикистон сафар мекард. Дар наздикии минтақаи Майхура мошини сабукрави ӯ зери тарма монд. Ин баён, ки аз сарнавишт ҷойи гурез нест, дақиқан ба ҳолати Юнусов рост меояд.

Дафъаи аввал наҷотдиҳандагон тавонистанд ӯро аз зери қабатҳои барф берун оваранд. Аммо баъди каме истироҳат Юнусов тасмим гирифт, сафари худро идома диҳад. Ин лаҳза тармаи дигаре мошини ӯро зери қабати 7-метрии барф гузошт. Ин дафъа наҷотдиҳандагон ҷасади ӯро аз зери барф берун оварданд.

«Дидор дар қиёмат» — паёми охирин ба ҳамсар

Носир Юнусов, бародари Давлат Юнусов, рӯзи 7 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди дубора зери тарма мондан бародараш бо ӯ аз тариқи телефони ҳамроҳ дар тамос шуд. “Он рӯз занг зада гуфт, ки зери тарма мондааст, аммо нигарон набошем ва ҳеҷ иқдоме накунем. Тарс дошт, ки агар мо ба ин минтақа равем, низ дучори хатар мешавем. Сипас, ба ҳамсараш занг зада, гуфтааст, эҳтимол дигар дидор нахоҳанд дошт ва бо суханони “дидор то қиёмат” худоҳофизӣ кардааст”, — афзуд ӯ.

Носир Юнусов мегӯяд, бародараш дар тамоси охирини худ ба ҳамсараш гуфтааст, ки аз чанд нафар қарздор аст ва ин қазияро бояд мустақилона ҳал кунанд, зеро намехоҳад, дар он дунё мавриди “саволу ҷавоб” қарор гирад.

«Мо зуд ҳамроҳи чанде аз хешовандон озими минтақаи Ҳушёрӣ шудем, вале наздики субҳ тавонистем мошин ва ҷасади бародарамро пайдо кунем. Аламовар ин буд, ки вақте ҷасади бародарамро ба Душанбе бо мошин меовардем, постгоҳҳои ширкати IRS аз мо пул гирифтанд, ҳарчанд ба ин назарам, ки ин фоҷиа бо айби ширкат рух додааст.Онҳо муваззаф буданд, ки ба ҳаракати мошинҳо дар ин ҷодда иҷоза надиҳанд», — гуфт Носир Юнусов.

Кумита кумак ваъда кардааст

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, Давлат Юнусов шаш фарзанд дошт ва танҳо ду духтари бузургаш издивоҷ кардаанду бас. Як фарзанди хурдии марҳум дар синфи 2 мехонад ва як писараш донишҷӯи яке аз муассисаҳои олии Русия аст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба онҳо ҷубронпулӣ ваъда кардааст, аммо, ба гуфтаи Носир Юнусов, ба далели гирифтории вобаста ба дафни бародар онҳо натавонистанд то ҳол ба ин ниҳод муроҷиат кунанд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Носир Юнусов, ҳамаи ҳуҷҷатҳои шахсии бародараш дар дохили мошини зери тарма мондааст ва хешовандонаш ба маҳалли тармафароӣ ба минтақаи Ҳушёрӣ рафтанд, то аз дохили мошин ҳуҷҷатҳои заруриро пайдо кунанд.

Мақомоти ширкати IRS, муттассадии ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон, гуфтанд, ки дар ин фоҷиа гунаҳкор нестанд. Ин ширкат дар масири Душанбе-Чаноқ 7 тарозу, яъне нуқтаи ҷамъоварии пул дорад ва дар гузашта фаъолияти ин ширкат эътирози сокинонро ба бор оварда буд. Аз рӯи муқаррароти ин ширкат, барои истифода аз роҳи пулакӣ дар самти Душанбе-Хуҷанд як мошини сабукрав бояд то 55 ва мошини боркаш то 1000 сомонӣ ҳаққи роҳ пардохт кунад.

Сухангӯи IRS: Касе пул гирифтааст, муҷозот хоҳад шуд

Аммо Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, рӯзи 7 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ширкат танҳо масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ аст ва умури наҷот ва ҷубронпулӣ аз вазифаҳои ин ширкат нест. Ӯ гуфт, “мо то ҳадди имкон ба осебдидагон ёрӣ кардем. Қоидаи ширкати IRS ин аст, ки агар дар дохили мошин ҷасаде интиқол шавад, дар ҳама ҳолат аз пардохти роҳпулӣ озод аст. Чунин қоида аз рӯзҳои нахустини таъсиси ширкат рӯйи кор аст. Агар касе барои интиқоли ҷасади Давлат Юнусов пул ситонда бошад, ҳатман муҷозот хоҳад шуд.”

«ОЗОДӢ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *