Юсуфӣ ба парлумон меравад, Усмонзода раиси ноҳия шуд

Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин аз вазифаи муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва раиси ноҳияи Фирдавсӣ таъин гардид.

Имрӯз, 13-уми январ дар чанде аз вазоратҳо, кумитаҳо давлатии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Муҳаммадраҳим Юсуфӣ — раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Азиз Гиёзода — раиси ноҳияи Шуғнон, Ғайрат Азиззода — раиси ноҳияи Мастчоҳ ва Зафар Файзуллозода — раиси ноҳияи Қубодиён аз мақомҳои худ озод шудаанд. Дар фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барканории онҳо гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.

Инчунин, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Сӯҳроб Олимзодаро низ «барои ба кори дигар гузаштан» аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ Назирмад Ализода таъйин шуд. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Низом Мирзозода бо қарори ҳукумат аз вазифаи муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон озод ва муовини раиси вилояти Хатлон таъйин шудааст.

Ҳамин тариқ, тағйироти кадрӣ дар Вазорати маориф ва илм, дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Додситонии кул дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *