Юсуф Раҳмон: Одинаев иғво мекунад
Юсуф Раҳмон дар робита ба парвандаи Маҳмурод Одинаев гуфт, ки дар бораи гунҳгор будани ӯ далелҳои зиёде мавҷуданд .
Прокурори генарлии Тоҷикистон имрӯз, зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки лату кӯб шудани Одинаев «беасос» аст. «Гапи лату кӯб шудани ӯ дурӯғ аст, иғво аст»,-гуфт Юсуф Раҳмон .
Қаблан, дар охирин мурофиаи судӣ Маҳмурод Одинаев ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки ӯро дар боздоштгоҳ задаанд.
Юсуф Раҳмон дар робита ба парвандаи Маҳмурод Одинаев гуфт, ки дар бораи гунҳгор будани ӯ далелҳои зиёде мавҷуданд .
Одинаевро суди ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 28-уми январ ба 14 сол зиндон маҳкум кард. Ӯро ба «авбошӣ ва даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон» гунаҳкор карданд. Маҳмурод Одинаев моҳи декабри соли гузашта дастгир ва муҳокимааш рӯзи 25-уми январ шуруъ шуд. Пештар прокурор барои ӯ 15 сол зиндон ва барои писараш Ҳабибулло Ризоев 4 соли маҳрумӣ аз озодӣ талаб карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ