Юсуф Раҳмон вобаста ба қазияи муҳоҷирон баҳои одилонаи ҳуқуқӣ хост

Ахиран Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ба Прокуратураи генералии Русия барқияи фаврӣ фиристода, вобаста ба қазияи муҳоҷирони Тоҷикистон баҳои одилонаи ҳуқуқӣ тақозо кард. Дар ин бора дар сомонаи расмии Прокуратураи генералӣ омадааст.

Дар хабар омадааст, ки “Прокурори генералии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон вобаста ба боздошти оммавии муҳоҷирони Тоҷикистон, латукӯб ва муносибати бераҳмона нисбати онҳо, инчунин боздошти шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Прокуратураи генералии Русия барқияи фаврӣ ирсол намуда, хоҳиш намуд, ки ҳаракатҳои кормандони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба он баҳо дода шавад”.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз боз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия зимни гузаронидани рейдҳо муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷикистониро мавриди боздошт, озору шиканҷа ва тамасхур қарор додааст. Чанд рӯз пеш вазири корҳои дохилӣ низ аз ВКД-и Русия дархости қазовати одилона карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *