Юсуф Раҳмон: Ҳаит ва Саидов озод намешаванд
Прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, ки бо вуҷуди тақозои созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар Зайд Саидов ва Маҳмадалии Ҳаит аз зиндон озод нахоҳанд шуд.
Прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, ки бо вуҷуди тақозои созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар Зайд Саидов ва Маҳмадалии Ҳаит аз зиндон озод нахоҳанд шуд.
Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон рӯзи 16 июл дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳам Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкори шинохтаи Тоҷикистон ва ҳам Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ ҷиноятҳои вазнин содир карда ва дар доираи қонунҳои кишвар муҷозот шудаанд.
Вай таъкид кард, аз ин лиҳоз ин ду нафар ба ҳеч ваҷҳ аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод намешаванд.
Зимнан, дар аввалҳои моҳи ҷорӣ дар шаҳри Женева нишасти 126-уми Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуда ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи корҳои анҷомшуда дар самти риояти ҳуқуқи сиёсӣ ва мадании мардум гузориш дод.
Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дар ин нишаст дар бораи Зайд Саидов, вазири собиқи саноат гуфта буд, ки додгоҳ ҳамаи гуноҳҳои ӯ, аз ҷумла, дуздии пули давлат, таҷовуз ба номус ва тақаллубкорӣ собит кард ва барои ҳамин ба зиндон маҳкум кард. Ӯ гуфт, бо назардошти ҳамин, онҳо дархости Кумитаи ҳуқуқи башар барои беэътибор кардани ҳукми Зайд Саидовро иҷро карда наметавонанд.
Зайд Саидов соли 2013, баъди эълон дар бораи таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» боздошт шуд. Ӯро ҳангоми бозгашт аз Фаронса рӯзи 19-уми май дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир карданд. Вазири собиқро дар моҳи декабри соли 2013 бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвахорӣ ва таҷовуз ба номус, ба 26 соли зиндон маҳкум карданд.
Прокурори генералии Тоҷикистон парвандаи Маҳмадалии Ҳайит, узви раёсати Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломиро ҳам шарҳ дод ва гуфта буд, ки гуноҳҳои ӯ дар додгоҳ собит шуд ва ӯ қонунӣ ҷазо гирифтааст.
Як гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид, ки парвандаҳои боздоштҳои худсарона дар кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ мекунад, моҳи майи соли 2018 хулоса дод, ки боздошти Маҳмадалии Ҳаит, як узви раёсати ҳизби наҳзати исломӣ “ғайриқонунӣ аст” ва аз ин рӯ, “ӯ бояд фавран озод карда шавад”.
Human Rights Watch ( HRW) дар як баёния номи Муҳаммадалии Ҳаит, Сайидумар Ҳусайнӣ, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, ду узви раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ, вазири собиқи саноат ва вакили дифои шинохта зикр карда буд, ки онҳо дар мурофиаҳои пӯшида ва ноодилона ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд ва бархе мавриди шиканҷа қарор гирифтанд. Иддаои шиканҷа шудани онҳоро мақомоти Тоҷикистон пайваста рад кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ