Юсуф Раҳмон: Роҳбари табаддулот Кабирӣ буд
Прокурори генералии Тоҷикистон Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ кард,ки аз 200 шарики боздоштшудаи Ҳоҷӣ Ҳалим то ҳол ҳукми 170 нафарашон эълон шудааст.
Шарикони Ҳоҷӣ Ҳалим барои муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд ва гунаҳкорияшон дар қасди табаддулоти давлатӣ бебаҳс мебошад. Ба гуфтаи ӯ гуноҳи онҳо вақти тафтишот ва дар мурофиаи судӣ тасдиқ шуд.
Тавре Прокурори генералӣ гуфт, зимни тафтишот маълум гардид, ки аъзои Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон низ бо қасди табаддулоти давлатӣ алоқамандӣ доранд: “Аз ҷумла 25 узви ҲНИТ низ бо қарори додгоҳ ба ҷазои гуногун маҳкум шуданд”. Ба гуфти ӯ, ин шуриш бо дастуури Кабирӣ анҷом дода шудааст
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ